Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Русия шаҳракҳои нави Украинаро таҳти назорат гирифтанд

© Sputnik / Михаил Маркив / Гузариш ба медиабонкСотрудники Управления специальных операций НАБУ приняли присягу в Киеве
Сотрудники Управления специальных операций НАБУ приняли присягу в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд, артиши ин кишвар шаҳракҳои нав дар Украинаро таҳти назорат гирифт
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷабҳаи васеъ пеш рафта, дар паҳлӯҳои ҳамшафат бо воҳидҳои Ҷумҳурии Донетск амал карда, маҳаллаҳои нави аҳолинишинро озод мекунанд.
"Воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаи худро дар ҷабҳаи васеъ идома медиҳанд. Дар паҳлӯҳои ҳамсоя бо воҳидҳои Ҷумҳурии Донетск амал карда, шаҳракҳои Пятихатки, Шевченково, Пология, Гусарка, Новоданиловка ва Шербаки таҳти назорат гирифта шуданд", - гуфт ӯ.
Намояндаи вазорати Русия афзуд, ки пулиси халқии ҶХД шаҳракҳои Шандриголово, Александровка, Дерилово, Средне ва Лозовоеро ишғол кардааст.
Дар навбати худ ҶХД Розовка, Труженка, Знаменовка ва Пузатоеро таҳти назорати худ гирифтааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Лукашенко: Ғарб мехоҳад, Русия ва Беларусро дар буҳрони Украина "ғарқ" кунад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0