https://sputnik.tj/20220304/rusiya-jazo-pahn-akhbor-durug-sangin-1046507614.html
Русия ҷазо барои нашри ахбори дурӯғро сангинтар кард
Русия ҷазо барои нашри ахбори дурӯғро сангинтар кард
Sputnik Тоҷикистон
Барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар Русия акнун то 15 сол ҳукми зиндон пешбинӣ шуд
2022-03-04T14:02+0500
2022-03-04T14:02+0500
2022-03-04T17:13+0500
дар русия
тарҳи қонун
ҷазо
ҷавобгарии ҷиноӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/05/1028970520_0:96:1921:1176_1920x0_80_0_0_8e63af2740fd30b1494c3cc85ae0a4b9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар Русия тасмим гирифта шуд, ки барои паҳн кардани маълумоти қалбакӣ дар бораи амалҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин шавад. Чунин тағйирот дар Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия аз ҷониби Думаи давлатӣ ворид шуд.Акнун барои чунин амалҳо дар ин кишвар аз 700 ҳазор то 1,5 миллион рубл ҷарима ё то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.Агар дидаю дониста маълумоти бардурӯғ аз ҷониби шахсони мансабдор ё гурӯҳи муташаккил бо эҷоди далелҳои сунъӣ ё бо ангезаи кинаву адоват сохта ва паҳн карда шуда бошад, ҷазо сахттар аст: аз 3 то 5 миллион рубл ё аз 5 то 10 соли зиндон.Ҳамчунин барои даъват дар ҷиҳати эҷоди монеа дар роҳи истифода аз нерӯҳои Русия дар зимни ҳимоят аз манфиатҳои ин кишвар аз 100 ҳазор то 300 ҳазор рубл ҷарима ё то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.Агар чунин даъватҳо оқибатҳои вазнин дошта бошанд, пас ҷазо сахттар мешавад: ҷарима аз 300 ҳазор то 1 миллион рубл ё то 5 соли зиндон.Даъват ба таҳримҳо алайҳи Русия мамнуъ аст. Ҷазо барои чунин амалҳо ҷарима ба маблағи то 500 ҳазор рубл ё то 3 соли зиндон аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/05/1028970520_112:0:1807:1271_1920x0_80_0_0_b2342acd0dff41ab1e66a478d217468c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия ҷазо ахбор дурӯғ сангин
русия ҷазо ахбор дурӯғ сангин
Русия ҷазо барои нашри ахбори дурӯғро сангинтар кард
14:02 04.03.2022 (Навсозишуда: 17:13 04.03.2022) Барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар Русия акнун то 15 соли зиндон пешбинӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар Русия тасмим гирифта шуд, ки барои паҳн кардани маълумоти қалбакӣ дар бораи амалҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин шавад. Чунин тағйирот дар Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия аз ҷониби Думаи давлатӣ ворид шуд.
Акнун барои чунин амалҳо дар ин кишвар аз 700 ҳазор то 1,5 миллион рубл ҷарима ё то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Агар дидаю дониста маълумоти бардурӯғ аз ҷониби шахсони мансабдор ё гурӯҳи муташаккил бо эҷоди далелҳои сунъӣ ё бо ангезаи кинаву адоват сохта ва паҳн карда шуда бошад, ҷазо сахттар аст: аз 3 то 5 миллион рубл ё аз 5 то 10 соли зиндон.
Аз 10 то 15 соли зиндон метавонад ба муҷримоне таҳдид кунад, ки агар паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, омадааст Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия
Ҳамчунин барои даъват дар ҷиҳати эҷоди монеа дар роҳи истифода аз нерӯҳои Русия дар зимни ҳимоят аз манфиатҳои ин кишвар аз 100 ҳазор то 300 ҳазор рубл ҷарима ё то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Агар чунин даъватҳо оқибатҳои вазнин дошта бошанд, пас ҷазо сахттар мешавад: ҷарима аз 300 ҳазор то 1 миллион рубл ё то 5 соли зиндон.
Даъват ба таҳримҳо алайҳи Русия мамнуъ аст. Ҷазо барои чунин амалҳо ҷарима ба маблағи то 500 ҳазор рубл ё то 3 соли зиндон аст.