Сабти Вазорати дифои Русия аз майдони ҷанг - видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия видеоеро нашр кардааст, ки дар он техникаи торуморшудаи нерӯҳои Украина сабт шудааст
Вазорати дифои Русия навореро паҳн кардааст, ки дар он дар баробари техникаи нобудшудаи артиши Украина инчунин аслиҳаи ғарбӣ инъикос ёфтааст.
Дар ин видео аз ҷумла маҷмаъҳои зиддитонкии "Javelin" дида мешаванд, ки дар майдони ҷанг партофта шудаанд. Ин намуди аслиҳа, ки аз Ғарб таъмин карда мешаванд, дар маҳаллаи Лебидинск партофта шудаанд.
Тонки навъи Т-80-и нерӯҳои Украина ҳам сабт шудааст, ки пора-пора гаштааст.
Инчунин нақбҳои омодакардаи нерӯҳои Украина намоиш дода мешаванд, ки бо бетон мустаҳкам карда шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар қаламрави Украина барои ҳимояи Донбассро 24 феврал эълон кард, ки то ҳол идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0