Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Маълумоти охирин дар бораи сӯхтор дар нерӯгоҳи ҳастаие дар Украина - видео

© Sputnik / Андрей СоломоновЗапорожская АЭС
Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Дар бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо сӯхтор ба амал омад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар рафти ҷанг дар Энергодар дар нерӯгоҳи атомии Запороже сухтор ба амал омад. Дар ин бора намояндаи хадамоти матбуотии он Андрей Туз хабар дод.
"Сӯхтор дар нерӯгоҳи атомӣ", - навишт шудааст ӯ дар канали "Telegram"-и ин нерӯгоҳ.
Баъдан расонаҳо видеоҳои дурбинҳои назоратии берунаро нашр карданд, ки чӣ гуна дуд болои ин нерӯгоҳи ҳастаӣ баланд мешавад.
Баъдтар Туз гуфт, ки заминаи радиатсионӣ дар корхона ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир наёфтааст ва муқаррарӣ аст.
Нерӯҳои оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса рафтанд, аммо ба далели амалиёти ҷангӣ дар ҷои ҳодиса онҳо натавонистаанд вориди нерӯгоҳ шаванд.
Ба дунбол ин, ба гуфтаи намояндагони Хадамоти давлатии ҳолатҳои изтирории Украина, маълум шуд, ки сӯхтор дар бинои 5-ошёнаи як маҷмаи таълимии берун аз минтақаи хатарнок рух додааст.
Дар маҷмуъ, корхона дорои 7 иншооти ҳастаӣ: 6 бахши энергетикӣ ва як анбори ҳастаӣ мебошад.
Дар замони сӯхтор аз 6 энергоблоки нерӯгоҳи атомӣ танҳо як агрегати No4 кор мекард, агрегати No1 дар реҷаи таъмир қарор дошт, No2 ва No3 бехатар хомӯш карда шуданд ва 5-6 дар захира буданд, ки ба онҳо ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад.
Дере нагузашта Хадамоти давлатии изтирории Украина эълом кард, ки оташнишонҳо ба хомӯш кардани сӯхтор дар бинои корхона шуруъ кардаанд, 3 ошёна ба коми оташ рафтааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳодиса қурбониён ва маҷруҳ надоштааст.
Қаблан намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дода буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Бердянск ва Энергодар, аз ҷумла атрофи нерӯгоҳи атомии Запорожеро таҳти назорат гирифтаанд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳайати кормандони нерӯгоҳ кор ва назорати заминаи радиатсионӣ дар реҷаи муқаррариро идома доданд.
Ёдрас менамоем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Чрезвычайный и полномочный посол Российской Федерации в Республике Таджикистан Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ҳадафи амалиёти вижаи дар Украина чист
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори дуввуми ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор шуд, ки Маскав ва Киев дар мавриди таъмини муштараки долонҳои башардӯстона барои кӯчонидани шаҳрвандон, интиқоли ғизо ва дору ба тавофуқ расиданд.
Лентаи хабарҳо
0