Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои ФР: Киев амалан қобилияти идоракунии кишварро аз даст додааст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкКиев, архивное фото
Киев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Режими Киев қобилияти идораи кишварро тақрибан комилан аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Режими Киев тавоноии идораи кишварро дар аксари шаҳру шаҳракҳо аз даст додааст.
Дар ин бора генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази миллии назорати дифои Русия рӯзи ҷумъа дар брифинг гуфт, менависад РИА "Новости".
"Якум ин ки режими Киев қобилияти идора кардани идораҳои вилояту ноҳияҳои мамлакатро қариб ба куллӣ аз даст додааст. Дуюм, идораҳои ҳуқуқии шаҳру навоҳии Украина аз ҳуқуқи муомила бо аҳолии осоишта маҳрум шудаанд. Онҳо ба ҳалли масъалаҳои оддии иҷтимоӣ қодир нестанд. Сеюм, дар аксари шаҳру навоҳӣ баталонҳои миллии ба ном мудофиавӣ мавҷуданд, ки дар воқеъ фашистону зархаридон, аз ҷумла хориҷиён мебошанд ва ба мардум ҳуҷум мекунанд", - гуфт Мизинтсев.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ягона коре, ки режими Киев дар ин вазъ ба таври каму беш ба таври мутамаркиз ҳал кардааст, бидуни назорат ба ҳама гурӯҳҳои тундрав, тақсим кардани силоҳу муҳимоти оташфишон мебошад.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокира анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0