Филмсози тоҷик номзад ба ҷоизаи "Ника" шуд

© Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣФайзулло Файзов, кадр из фильма "Водный мальчик"
Файзулло Файзов, кадр из фильма Водный мальчик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Таҳиягари филм аз Тоҷикистон аз номзадҳои ҷоизаи маъруфи Русия дар бахши синамо шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Коргардони тоҷик, Файзулло Файзов барои филми "Бачаи обӣ" ба ҷоизаи "Ника" пешбарӣ шудааст.
Файзов дар суҳбат бо "Ховар" пешниҳоди номзадии филмаш ба ҷоизаи маъруфи Русияро таъйид намудааст.
Таъкид шудааст, ки номзадии филми "Бачаи обӣ"-ро Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ба "Ника" пешниҳод кардааст. Аллакай ин дархост ба Иттиҳоди синамогарони кишварҳои узви ИДМ ва Балтик ироа гардидаст.
Асари мазкур дар бахши "Филми беҳтарини кишварҳои ИДМ ва Балтик" доварӣ хоҳад шуд. Маросими ҷоизасупорӣ моҳи апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Кино камера, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Дар Тоҷикистон киностудияи нав пайдо шуд
Нахустнамоиши филми "Бачаи обӣ" моҳи октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор шуда, миёни тамошобинон мухлисони зиёдро пайдо карда буд. Идеяи филм ба коргардони марҳум, Бахтиёр Худоназаров нисбат дода мешавад.
Он аз саргузашти кӯдаки 10-солае қисса мекунад, ки дар канори обанбори Қайроққум зиндагӣ мекунаду аз мактаб дур шудаасту майл ба моҳидорӣ дорад. Асар дар мисоли писарча, Рамзес аз деҳаи Моҳигирон ва баҳр аз муносибати инсону табиат қисса мекунад. Бо мурури замон об каму мавҷудоти зинда дар он низ камтар мешаванд.
Филм маърифатӣ буда, барои тамошобинони синни гуногун мувофиқ арзёбӣ мегардад.
Ҷоизаи "Ника", ки офаридаи Файзов аз ҷумлаи довталабони он мебошад, аз ҷониби Академияи санъат ва синамои Русия тақдим мешавад.
Лентаи хабарҳо
0