https://sputnik.tj/20220304/dastgiri-it-rusiya-mutakhassis-1046501902.html
Дастгирии бахши IT дар Русия вуруди мутахассисони хориҷиро бештар хоҳад кард
Дастгирии бахши IT дар Русия вуруди мутахассисони хориҷиро бештар хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ташаббусҳои қонунгузории мақомоти Русия метавонанд кормандони хориҷиро дар корхонаҳои IT ҷалб кунанд
2022-03-04T11:28+0500
2022-03-04T11:28+0500
2022-03-04T15:54+0500
дар русия
иҷтимоъ
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/09/1032969200_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_bf028e59131e0fb7033c761c63624540.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раванди вуруди мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки барои кор ба Русия меоянд, метавонад бинобар чораҳои нави ҳукумат тасреъ шавад. Дар ин бора Олга Ускова, президенти гурӯҳи ширкатҳои "Cognitive Technologies" дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи вай, агар ташаббус бо дастгирии иттилоотӣ ҳамроҳ шавад, мутахассисони тамоми ҷаҳон ба он таваҷҷуҳ хоҳанд кард.Қаблан президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он, он шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар ширкатҳои аккредитатсияшудаи IT кор мекунанд, имтиёзҳои муайян мегиранд.Дар ин санад ба таъхир андохтани даъвати ин афрод ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати то 27 сол, содагардонии гирифтани иҷозаи иқомат барои мутахассисони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин сарвазири Русия Михаил Мишустин хабар дод, ки кормандони созмонҳои IT метавонанд барои гирифтани ипотекаи имтиёзнок барои манзил муроҷиат кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/09/1032969200_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_f60144702ec8912bc4cc461dc265f287.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
it русия мутахассисон хориҷӣ
it русия мутахассисон хориҷӣ
Дастгирии бахши IT дар Русия вуруди мутахассисони хориҷиро бештар хоҳад кард
11:28 04.03.2022 (Навсозишуда: 15:54 04.03.2022) Ташаббусҳои қонунгузории мақомоти Русия метавонанд кормандони хориҷиро дар идороти марбути IT ҷалб кунанд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раванди вуруди мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки барои кор ба Русия меоянд, метавонад бинобар чораҳои нави ҳукумат тасреъ шавад.
Дар ин бора Олга Ускова, президенти гурӯҳи ширкатҳои "Cognitive Technologies" дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, агар ташаббус бо дастгирии иттилоотӣ ҳамроҳ шавад, мутахассисони тамоми ҷаҳон ба он таваҷҷуҳ хоҳанд кард.
"Мутахассисон аз Чин ба таври оммавӣ ба кишвари мо меоянд, таҳсил, кор мекунанд, онҳо мутахассисони хеле рақобатпазиранд. Ҳамзамон аз Амрикои Лотинӣ низ меоянд, ҳоло мо аз Бразилия, Аргентина, Португалия чанд мутахассис дорем",- гуфт Ускова.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он, он шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар ширкатҳои аккредитатсияшудаи IT кор мекунанд, имтиёзҳои муайян мегиранд.
Дар ин санад ба таъхир андохтани даъвати ин афрод ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати то 27 сол, содагардонии гирифтани иҷозаи иқомат барои мутахассисони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин сарвазири Русия Михаил Мишустин хабар дод, ки кормандони созмонҳои IT метавонанд барои гирифтани ипотекаи имтиёзнок барои манзил муроҷиат кунанд.