https://sputnik.tj/20220304/astrakhan-nazorat-muhojiron-purzur-1046504832.html
Дар Астрахан назорат аз болои муҳоҷирон тақвият мешавад
Дар Астрахан назорат аз болои муҳоҷирон тақвият мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Астрахан дастур дод, ки назорат аз болои муҳоҷирони воридшаванда ба ин минтақаро пурзӯр кунад, то ба ифротгароӣ ва хусумат ҷилавгирӣ шавад
2022-03-04T12:45+0500
2022-03-04T12:45+0500
2022-03-04T16:15+0500
муҳоҷират
дар русия
қонун
астрахан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044273694_0:0:2863:1611_1920x0_80_0_0_df93ad1bee1875875c07cc6753e42781.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Губернатори вилояти Астрахан Игор Бабушкин дастур дод, ки назорат болои муҳоҷироне, ки метавонанд ҷомеаро ноором созанд, пурзӯр шавад. Дар ин бора раиси вилоят дар ҷаласаи ҳамоҳангсози таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дастур дод.Бабушкин қайд кард, ки дар баъзе соҳаҳо вилоят ҳамоно ба қувваи корӣ эҳтиёҷ дорад, вале афзуд, ки бехатарӣ ва тартиботро набояд фаромӯш кард. Аз ин рӯ ӯ даъват кард, ки аз болои шаҳрвандоне, ки ба минтақа меоянд ва кор мекунанд, назорат тақвият шавад. Раиси вилоят дастур додааст, ки ба талошҳои "ноором кардани ҷомеа, барангехтани ифротгароӣ, адовати байнимиллӣ ва мазҳабӣ" таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд. Барои мониторинги вазъ ҷалби ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони тамоми мазҳабҳои анъанавии минтақа ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220224/rusiya-qonun-nav-muhojiron-1046201568.html
астрахан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044273694_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_834207ddb0dbce5c05ec179b1f4af030.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буду бош, муҳоҷирон, астрахан
буду бош, муҳоҷирон, астрахан
Дар Астрахан назорат аз болои муҳоҷирон тақвият мешавад
12:45 04.03.2022 (Навсозишуда: 16:15 04.03.2022) Раиси вилояти Астрахан дастур дод, ки назорат аз болои муҳоҷирони воридшаванда ба ин минтақаро пурзӯр кунад, то аз ифротгароӣ ва хусумат ҷилавгирӣ шавад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Губернатори вилояти Астрахан Игор Бабушкин дастур дод, ки назорат болои муҳоҷироне, ки метавонанд ҷомеаро ноором созанд, пурзӯр шавад.
Дар ин бора раиси вилоят дар ҷаласаи ҳамоҳангсози таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дастур дод.
"Вилояти Астрахан як минтақаи марзӣ аст, аз ин рӯ ин мавзуъ барои мо ниҳоят муҳим аст. Бояд таъсири шаҳрвандони хориҷӣ ба рӯзномаи дохилӣ ба ҳадди ақал расонида шавад", - гуфт ӯ.
Бабушкин қайд кард, ки дар баъзе соҳаҳо вилоят ҳамоно ба қувваи корӣ эҳтиёҷ дорад, вале афзуд, ки бехатарӣ ва тартиботро набояд фаромӯш кард.
Аз ин рӯ ӯ даъват кард, ки аз болои шаҳрвандоне, ки ба минтақа меоянд ва кор мекунанд, назорат тақвият шавад.
Раиси вилоят дастур додааст, ки ба талошҳои "ноором кардани ҷомеа, барангехтани ифротгароӣ, адовати байнимиллӣ ва мазҳабӣ" таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.
"Сулҳу субот дар ҷомеаи мо аз сари вақт андешидани чораҳо ва ҳамоҳангии амали хадамоту шуъбаҳои кор бо муҳоҷирон вобаста аст", - таъкид кард Бабушкин.
Барои мониторинги вазъ ҷалби ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони тамоми мазҳабҳои анъанавии минтақа ба нақша гирифта шудааст.