https://sputnik.tj/20220303/qimat-aluminiy-birzhai-london-1046492049.html
Қимати алюминий дар биржаи Лондон ба ҳадди таърихӣ расид
Қимати алюминий дар биржаи Лондон ба ҳадди таърихӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Нархи металл бори дуюм дар ҷаласаи муомилотӣ 3 март ба баландтарин нишондоди таърихияш мерасад
2022-03-03T21:02+0500
2022-03-03T21:02+0500
2022-03-04T12:14+0500
алюминий
дар ҷаҳон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102693/00/1026930053_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_f2cf0f2bc7eabf7985897afc5a61c96a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Қимати алюминий дар ҷараёни муомила дар биржаи фулузоти Лондон (LME) нишондоди таърихии худро нав кард, ки тибқи маълумоти охирини биржа, беш аз 3,7 ҳазор доллар барои як тонна боло рафтааст.Нархи металл бори дуюм дар ҷаласаи муомилотӣ 3 март ба баландтарин нишондоди таърихияш расид.То соати 15:27 ба вақти Маскав нарх афзоиш ёфта, як тонна алюминий 3,7 ҳазор доллар муомилот шуд. .Дар маҷмуъ дар ҷараёни муъомила қимати алюминий 137 доллар боло рафт.Қобили зикр аст, ки афзоиши арзиш дар пасманзари ташаннуҷи геополитикӣ ва ҳаросҳо дар робита ба интиқоли минбаъдаи металл ба амал меояд.Кунал Соуни, раиси ширкати таҳқиқотии бозори "Kalkine" гуфт, болоравии нарх вобаста ба таҳаввулоти арсаи сиёсат аст.Дар бораи ин болоравии қимати нафт низ хабар дода шуд. Нафти тамғаи "Brent" ба 116 доллар барои як бушка расид.Ёдовар мешавем, Тоҷикистон аз содиркунандагони асосии алюминий миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия 23,5 ҳазор тонна ё беш аз 28 фоиз коҳиш ёфтааст.Дар пайи ин президент ба вазири саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти Ширкати алюминийи тоҷик супориш дод, ки ҷиҳати пурра барқарор кардани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминийи аввалия чораҷӯӣ намоянд.Қабл аз ин Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG)-и Швейтсария Айван Глазенбергро дидору мулоқот карда, хостори то 1 миллион тонна расонидани истеҳсол дар ин бузургтарин корхонаи тавлиди алюминий шуда буд.
https://sputnik.tj/20220215/aluminiy-sement-pakhta-afzoish-sodirot-tojikiston-1045855510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102693/00/1026930053_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_c0adffa16cd2fe5a34448dd133f00268.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қимат алюминий биржа лондон
қимат алюминий биржа лондон
Қимати алюминий дар биржаи Лондон ба ҳадди таърихӣ расид
21:02 03.03.2022 (Навсозишуда: 12:14 04.03.2022) Нархи филиз бори дуюм дар ҷаласаи муомилотии 3 март ба баландтарин нишондоди таърихияш расид
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Қимати алюминий дар ҷараёни муомила дар биржаи фулузоти Лондон (LME) нишондоди таърихии худро нав кард, ки тибқи маълумоти охирини биржа, беш аз 3,7 ҳазор доллар барои як тонна боло рафтааст.
Нархи металл бори дуюм дар ҷаласаи муомилотӣ 3 март ба баландтарин нишондоди таърихияш расид.
То соати 15:27 ба вақти Маскав нарх афзоиш ёфта, як тонна алюминий 3,7 ҳазор доллар муомилот шуд. .
Дар маҷмуъ дар ҷараёни муъомила қимати алюминий 137 доллар боло рафт.
Қобили зикр аст, ки афзоиши арзиш дар пасманзари ташаннуҷи геополитикӣ ва ҳаросҳо дар робита ба интиқоли минбаъдаи металл ба амал меояд.
Кунал Соуни, раиси ширкати таҳқиқотии бозори "Kalkine" гуфт, болоравии нарх вобаста ба таҳаввулоти арсаи сиёсат аст.
Дар бораи ин болоравии қимати нафт низ хабар дода шуд. Нафти тамғаи "Brent" ба 116 доллар барои як бушка расид.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон аз содиркунандагони асосии алюминий миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия 23,5 ҳазор тонна ё беш аз 28 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар пайи ин президент ба вазири саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти Ширкати алюминийи тоҷик супориш дод, ки ҷиҳати пурра барқарор кардани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминийи аввалия чораҷӯӣ намоянд.
Қабл аз ин Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG)-и Швейтсария Айван Глазенбергро дидору мулоқот карда, хостори то 1 миллион тонна расонидани истеҳсол дар ин бузургтарин корхонаи тавлиди алюминий шуда буд.