https://sputnik.tj/20220303/muzokirot-rusiya-ukraina-1046472772.html
Маълум шуд, ки музокироти дуюми Русия ва Украина кай баргузор мешавад
Маълум шуд, ки музокироти дуюми Русия ва Украина кай баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Музокираи дувуми ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Белорусия ва Лаҳистон барпо мешавад 03.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-03T15:06+0500
2022-03-03T15:06+0500
2022-03-03T18:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
музокирот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046331327_0:71:1281:791_1920x0_80_0_0_02dd50f50e25aa77f828022c255c1806.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Музокирот бо ҳайати Украина метавонад рӯзи 3 март баргузор шавад. Дар ин бора роҳбари ҳайати Федератсияи Русия, ёвари президенти Русия Владимир Мединский хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, мулоқот дар назар аст, соати 15:00 оғоз шавад.Мединский ҳамчунин иттилоъ дар бораи ба таъхир андохтани музокироти Русияву Украинаро рад кард.Вай афзуд, ки баргузории мулоқот дар вилояти Брест дар назар аст. Мединский тавзеҳ дод, ки бастаи пешниҳодҳои Русия дар музокирот бо Украина ҷанбаҳои масоили башардӯстона, сиёсӣ ва низомию фаннӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина аз ҷониби Лаҳистон меояд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбеи 28-уми феврал ҳайатҳои Русия ва Украина барои ҳалли вазъ дар вилояти Гомели Беларус нахустин музокироти худро анҷом доданд. Қарор буд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор шавад. Он бояд дуюми март доир мешуд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046331327_0:0:1191:893_1920x0_80_0_0_17c859029a1fb2a26dc6fbe579f313e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот русия украина
Маълум шуд, ки музокироти дуюми Русия ва Украина кай баргузор мешавад
15:06 03.03.2022 (Навсозишуда: 18:11 03.03.2022) Музокираи дувуми ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Белорусия ва Лаҳистон барпо мешавад
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Музокирот бо ҳайати Украина метавонад рӯзи 3 март баргузор шавад.
Дар ин бора роҳбари ҳайати Федератсияи Русия, ёвари президенти Русия Владимир Мединский хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, мулоқот дар назар аст, соати 15:00 оғоз шавад.
Мединский ҳамчунин иттилоъ дар бораи ба таъхир андохтани музокироти Русияву Украинаро рад кард.
"Ба ҷои дигар ва ба рӯзи дигар гузоштани музокирот ба воқеият мувофиқат намекунад", - таъкид кард раҳбари ҳайати Русия.
Вай афзуд, ки баргузории мулоқот дар вилояти Брест дар назар аст.
Мединский тавзеҳ дод, ки бастаи пешниҳодҳои Русия дар музокирот бо Украина ҷанбаҳои масоили башардӯстона, сиёсӣ ва низомию фаннӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина аз ҷониби Лаҳистон меояд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбеи 28-уми феврал ҳайатҳои Русия ва Украина барои ҳалли вазъ дар вилояти Гомели Беларус нахустин музокироти худро анҷом доданд.
Қарор буд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор шавад. Он бояд дуюми март доир мешуд.