https://sputnik.tj/20220303/juziyot-vazi-zhirinovskiy-1046478414.html
Ҷузъиёти муҳим дар бораи вазъи Жириновский ошкор шуд
Ҷузъиёти муҳим дар бораи вазъи Жириновский ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадор моҳи дуввум аст, ки дар бемористон бистарӣ аст: табибон то ҳол санаи дақиқи рухсат шудани ӯро гуфта наметавонанд
2022-03-03T16:45+0500
2022-03-03T16:45+0500
2022-03-03T19:18+0500
дар русия
владимир жириновский
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045975868_0:51:3136:1815_1920x0_80_0_0_2f6a620f8e3b104237c854c05b078a0f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Намояндагони Ҳизби либерал-демократии Русия дар бораи вазъи раҳбари худ Владимир Жириновский сухан гуфтанд. Гуфта мешавад ин сиёсатмадор тадриҷан сиҳҳат мешавад, аммо то ҳол дар муассисаи тиббӣ қарор дорад. Дар бораи рухсат шудани Жириновский ҳанӯз хабаре нест.Инчунин раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда шуд. Далели бистарӣ шудани Жириновский бар асари коронавирус дар аввали моҳи феврал маълум шуд. Ҳамзамон расонаҳо дар бораи вазъи вазнини сиёсатмадор хабар доданд. Дараҷаи бемории шушҳои ӯ аз 30 то 75% гуфта мешуд. Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби вазнинии COVID-19 сари вақт дархост накардани Жириновский барои кумаки тиббӣ будааст. Дар суҳбат бо URA.RU Андрей Звонков, пизишки саршинос қайд кард, ки ин сиёсатмадор ба далели мушкилоти дигари саломатӣ муддати тӯлонӣ аз коронавирус табобат мегирад."Ӯ гирифтори бемориҳои зиёди ҳамроҳшаванда, рагҳои вазнини атеросклероз буда, дар пасманзари ин ҳама беморӣ шадид хоҳад гузашт ва берун кашидани ӯ аз чунин шароит мушкилтар аст", - қайд кард мутахассис.Дар бораи сиҳҳат шудани Жириновский раиси Ҳизби коммунистии Русия Геннадий Зюганов, ки дар ҳамин бемористон аз бемории коронавирус табобат мегирифт, низ гуфта буд.Ҳизби либерал-демократӣ борҳо овозаҳо дар бораи гирифтории шадиди Жириновский ба коронавирусро рад кард.Ба гуфтаи намояндагони ин ҳизб, вазъи сиёсатмадор муътадил буда, иттилоъ дар бораи вазъи бади саломатии ӯ "ба воқеият мувофиқат намекунад".
https://sputnik.tj/20220222/zuganov-asror-bemori-zhirinovskiy-1046160453.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045975868_272:0:3003:2048_1920x0_80_0_0_5b0a3ebc2f1bea93cae9c7ca544ba253.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ жириновский табобат коронавирус
вазъ жириновский табобат коронавирус
Ҷузъиёти муҳим дар бораи вазъи Жириновский ошкор шуд
16:45 03.03.2022 (Навсозишуда: 19:18 03.03.2022) Сиёсатмадор моҳи дувум аст, ки дар бемористон бистарӣ аст: табибон то ҳол санаи дақиқи рухсат шудани ӯро гуфта наметавонанд
ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Намояндагони Ҳизби либерал-демократии Русия дар бораи вазъи раҳбари худ Владимир Жириновский сухан гуфтанд.
Гуфта мешавад ин сиёсатмадор тадриҷан сиҳҳат мешавад, аммо то ҳол дар муассисаи тиббӣ қарор дорад. Дар бораи рухсат шудани Жириновский ҳанӯз хабаре нест.
"Ӯ ҳоло дар беморхона бистарӣ аст ва табобатро идома медиҳад", - гуфт манбаъ дар суҳбат бо РИА "Новости".
Инчунин раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда шуд.
Далели бистарӣ шудани Жириновский бар асари коронавирус дар аввали моҳи феврал маълум шуд. Ҳамзамон расонаҳо дар бораи вазъи вазнини сиёсатмадор хабар доданд. Дараҷаи бемории шушҳои ӯ аз 30 то 75% гуфта мешуд.
Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби вазнинии COVID-19 сари вақт дархост накардани Жириновский барои кумаки тиббӣ будааст.
Дар суҳбат бо URA.RU Андрей Звонков, пизишки саршинос қайд кард, ки ин сиёсатмадор ба далели мушкилоти дигари саломатӣ муддати тӯлонӣ аз коронавирус табобат мегирад.
"Ӯ гирифтори бемориҳои зиёди ҳамроҳшаванда, рагҳои вазнини атеросклероз буда, дар пасманзари ин ҳама беморӣ шадид хоҳад гузашт ва берун кашидани ӯ аз чунин шароит мушкилтар аст", - қайд кард мутахассис.
Дар бораи сиҳҳат шудани Жириновский раиси Ҳизби коммунистии Русия Геннадий Зюганов, ки дар ҳамин бемористон аз бемории коронавирус табобат мегирифт, низ гуфта буд.
Ҳизби либерал-демократӣ борҳо овозаҳо дар бораи гирифтории шадиди Жириновский ба коронавирусро рад кард.
Ба гуфтаи намояндагони ин ҳизб, вазъи сиёсатмадор муътадил буда, иттилоъ дар бораи вазъи бади саломатии ӯ "ба воқеият мувофиқат намекунад".