https://sputnik.tj/20220303/hushdor-markazt-testi-dovtalabon-imtihonot-1046486204.html
Бидуни "тағобозӣ": ҳушдори Маркази тестӣ ба довталабон ва ваъдаи имтиҳоноти шаффоф
Бидуни "тағобозӣ": ҳушдори Маркази тестӣ ба довталабон ва ваъдаи имтиҳоноти шаффоф
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аз довталабон барои вуруд ба донишгоҳҳо хоста шуд, ки танҳо ба дониши худ такя кунанд, зеро ягон восита барои тағйи натоиҷашон аз имтиҳонот ба кор намеравад
2022-03-03T18:50+0500
2022-03-03T18:50+0500
2022-03-03T19:43+0500
маориф
дар тоҷикистон
ммт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101634/09/1016340908_0:0:4864:2736_1920x0_80_0_0_31654b9a861e50ae319d4c2ca2b27f84.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо муроҷиатномаи махсус аз кулли довталабон дархост кардааст, ки ба қаллобон ҳангоми имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо бовар накунанд.Ин ниҳод гуфтааст, ки шаффофияту адолатро муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) кафолат медиҳад. "Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар як довталабро ба таври шаффофу воқеӣ арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад",- омадааст дар муроҷиатномаи марказ. Гуфта мешавад, ҳарчанд муроҷиатҳо ба назар мерасанд, аммо шахсони қаллобе ҳастанд, ки баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба онҳо ваъдаи кумак дар зимни дохилшавияшон ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд. Дар идома ин ниҳод гуфтааст, натиҷаҳои кори ҳаштсолаи марказ собит сохт, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои имтиҳони довталабон ҳаргиз таъсир расонида наметавонад.Ҳамзамон аз довталабон дархост шудааст, ки дар ҳоли бо чунин пешниҳодҳо рӯ ба рӯ шудан ҳатман ва таъҷилан ба марказу ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунанд.
https://sputnik.tj/20210801/mmt-zamon-aznavbaqaydgirii-dovtalabon-1041339192.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101634/09/1016340908_608:0:4256:2736_1920x0_80_0_0_7d4bb435541cd5192fa1db6417d5f2a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор марказт тестӣ довталаб вимтиҳоноти
ҳушдор марказт тестӣ довталаб вимтиҳоноти
Бидуни "тағобозӣ": ҳушдори Маркази тестӣ ба довталабон ва ваъдаи имтиҳоноти шаффоф
18:50 03.03.2022 (Навсозишуда: 19:43 03.03.2022) Дар Тоҷикистон аз довталабон барои вурудашон ба донишгоҳҳо хоста шуд, ки танҳо ба дониши худ такя кунанд, зеро ягон восита барои тағйири натоиҷи имтиҳонашон ба кор намеравад
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо муроҷиатномаи махсус аз кулли довталабон дархост кардааст, ки ба қаллобон ҳангоми имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо бовар накунанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки шаффофияту адолатро муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) кафолат медиҳад.
"Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар як довталабро ба таври шаффофу воқеӣ арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад",- омадааст дар муроҷиатномаи марказ.
Гуфта мешавад, ҳарчанд муроҷиатҳо ба назар мерасанд, аммо шахсони қаллобе ҳастанд, ки баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба онҳо ваъдаи кумак дар зимни дохилшавияшон ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд.
Дар идома ин ниҳод гуфтааст, натиҷаҳои кори ҳаштсолаи марказ собит сохт, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои имтиҳони довталабон ҳаргиз таъсир расонида наметавонад.
"Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Он фиреби маҳз асту бас!", — таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Ҳамзамон аз довталабон дархост шудааст, ки дар ҳоли бо чунин пешниҳодҳо рӯ ба рӯ шудан ҳатман ва таъҷилан ба марказу ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунанд.