Тасвиби созишнома барои фаъолсозии корхонаи "Азот"

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Мақомот мегӯянд, корхонаи "Азот" дар сурати фаъолшавӣ нисфи талаботи Тоҷикистонро ба нуриҳои минералӣ қонеъ мекунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумат ва ширкати "Осиё кемикал"-ро тасвиб кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, созишномаи мазкур дар барои барқарорсозӣ, таҷдид ва фаъолсозии корхонаи "Азот" мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи сармоягузории мазкурро моҳи феврали соли равон тасдиқ карда, барои тасвиб ба парлумон ирсол намуд.
Дар ҷаласаи парлумон таъкид гардид, ки барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти нуриҳои минералӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор меравад.
Зикр шуд, ки "Азот" талаботи Тоҷикистонро ба нуриҳои минералӣ, аз ҷумла карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ барои тиб ва кафшери газӣ, нитрогени моеъ барои чорводорӣ дар ҳаҷми муайян таъмин мекунад. Дар сурати фаъолшавии пурра, "Азот" то 50 дарсади талаботи Тоҷикистонро ба нуриҳои минералӣ таъмин месозад, ки феълан бо нархи гарон аз хориҷ ворид карда мешавад.
Удобрение земли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Ташвиши кишоварзон: дар Суғд арзиши нуриҳои минералӣ 55% афзуд
Гаронии нуриҳои минералӣ дар шароити Тоҷикистон ба арзиши маҳсулоти кишоварзӣ низ таъсири назаррас дорад.
Саъдӣ Каримзода, вазири ҷадиди кишоварзии Тоҷикистон, бо ишора ба афзоиши бемайлони қимати нуриҳои кимиёвӣ изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба беш аз ним миллион тонна ба чунин маҳсулот ниёз дорад.
"Мутаассифона, мо барои истеҳсоли ин қадар нуриҳо имкон надорем. Аммо корхонаи "Тоҷиказот" дар вилояти Хатлон тадриҷан барқарор мешавад ва умед аст, ки мушкил рафъ шавад", - гуфт Каримзода дар аввали соли равон.
Вазорати кишоварзӣ аз таъминкунандаи асосии бозори Тоҷикистон бо нуриҳои минералӣ Ӯзбекистон, Туркманистон, Русия ва Қазоқистонро ном бурд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон низ зимни суҳбат дар мавриди ниёзмандӣ ба нуриҳои минералӣ изҳор дошт, ки интизор меравад, "Азот" соли равон фаъол карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0