Парлумони Қазоқистон истеъфои Дариға Назарбоеваро пазируфт

© Sputnik / Максим БогодвидДарига Назарбаева
Дарига Назарбаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон истеъфои вакил Дариға Назарбоеваро пазируфт
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон дар ҷаласааш истеъфои духтари калонии раисҷумҳури пешини ин кишвар Дариға Назарбоеваро аз намояндагӣ дар ин ниҳод пазируфт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Рӯзи 25 феврал Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ дар асоси аризаи Назарбоева тасмим гирифт, ки дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои ӯ дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад.
Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоева аз "январи сиёҳ" гуфту эълони тарки порлумон кард
Духтари раисҷумҳури собиқ аз авоили моҳи январ ба далели вазъи саломатияш пас аз мубтало шудан ба бемории коронавирус дар ҷаласаҳои парлумон ҳузур надошт. Охири моҳи феврал вай дар расонаҳо изҳороте нашр кард, ки дар он аз тасмими истеъфои вакили маҷлис ва тамаркузи пурра ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ, башардӯстона, фарҳангӣ ва хайриявӣ хабар медод.
Папка с документами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Домодҳои Нурсултон Назарбоев аз мақомҳояшон истеъфо доданд
Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол раҳбарии Қазоқистонро бар уҳда дошт, 20 марти соли 2019 аз мақоми раисҷумҳур истеъфо дод, вале баъдан мақомҳои раиси Шӯрои амният, раҳбари Ҳизби "Нур Отан" ва раиси Ассамблеяи мардумии Қазоқистонро ҳифз кард.
Вай соли 2021 мақоми раиси АХҚ ва 5 январ дар замони нооромиҳои оммавӣ дар он кишвар ваколатҳои раиси Шӯрои амниятро ба раисиҷумҳури феълӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев супурд.
Ҳизби “Нур Отан” рӯзи 28 январ дар анҷумани ғайринавбатии худ Тоқаевро раиси ин ҳизб интихоб кард, ки номзадии ӯ аз сӯи раисҷумҳури пешин пешниҳод шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0