https://sputnik.tj/20220302/matvienko-vohima-tahrimho-jilavgir-1046428647.html
Матвиенко хост, аз воҳима атрофи таҳримҳо ҷилавгирӣ шавад
Матвиенко хост, аз воҳима атрофи таҳримҳо ҷилавгирӣ шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои Федератсия муҳим хонд, ки ҳама дар шароити таҳримот "сарашонро ба кор баранд"
2022-03-02T14:31+0500
2022-03-02T14:31+0500
2022-03-02T18:28+0500
дар русия
иқтисод
валентина матвиенко
гарон
нарх
таҳримот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045731544_0:60:2502:1467_1920x0_80_0_0_3a91dd256d7480b7d8cd3e745ba964ba.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз ҳама даъват намуд, ки зарфияти кишварро омӯзанду дар шароити таҳрим ба воҳима дода нашаванд. Матвиенко гуфт, дар шароити таҳрими бесобиқа алайҳи Русия муҳим мебошад, ки ҳама аз ақл кор гиранд. Раиси Шӯрои Федератсия илова намуд, ки бахши соҳибкорӣ бояд дар шароити ҳозира масъулияташро пурра эҳсос кунад. "Бахши хусусӣ даромадашро набояд аз ҳама боло гузорад ва ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва инчунин дорую масолеҳи сохтмонӣ роҳ диҳад", - таъкид намуд Матвиенко. Вай муҳим хонд, ки бояд роҳи баромад аз таҳти фишори таҳримотро пайдо намуд. Аз ҷумла кадом имконоти иловагиро бояд равона намуд, то тоҷирони беинсоф аз вазъ сӯистифода накунанд, ки барояшон даромад аз ҳама чиз боло меистад. "Ҳамаи соҳибкорӣ бояд миллӣ шавад, кумак кунад, то иқтисод устувор шавад, гароншавии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро иҷоза надиҳад", - изҳор дошт Матвиенко. Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе кишварҳои ҷаҳон алайҳи Русия дар пайи амалиёти низомӣ барои ҳимояи Донбасс дар Украина таҳрим ҷорӣ намуданд, ки бахшҳои гуногун, аз молия то саноату энержиро дар бар мегиранд.
https://sputnik.tj/20220302/muzokirot-rusiya-ukraina-belarus-nombar-1046426574.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045731544_0:0:2223:1667_1920x0_80_0_0_9f2d7345cb2de8b3948e95face002b80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
матвиенко, таҳримот, ҷилавгирӣ, воҳима
матвиенко, таҳримот, ҷилавгирӣ, воҳима
Матвиенко хост, аз воҳима атрофи таҳримҳо ҷилавгирӣ шавад
14:31 02.03.2022 (Навсозишуда: 18:28 02.03.2022) Раиси Шӯрои Федератсия муҳим хонд, ки ҳама дар шароити таҳримот "сарашонро кор фармоянд"
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз ҳама даъват намуд, ки зарфияти кишварро омӯзанду дар шароити таҳрим ба воҳима дода нашаванд.
Матвиенко гуфт, дар шароити таҳрими бесобиқа алайҳи Русия муҳим мебошад, ки ҳама аз ақл кор гиранд.
"Бояд пурра таҳлил шавад, чӣ барои кори соҳибкорон, ташаббусҳои инфиродӣ, соҳибкории хурду миёна, тоҷирон халал мерасонад, тамоми зарфиятҳо ва имконотро бояд ба кор бурд, то аз зиён ҷилавгирӣ шаваду ҳолати ваҳшатзадагӣ сурат нагирад", - изҳор дошт ӯ.
Раиси Шӯрои Федератсия илова намуд, ки бахши соҳибкорӣ бояд дар шароити ҳозира масъулияташро пурра эҳсос кунад.
"Бахши хусусӣ даромадашро набояд аз ҳама боло гузорад ва ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва инчунин дорую масолеҳи сохтмонӣ роҳ диҳад", - таъкид намуд Матвиенко.
Вай муҳим хонд, ки бояд роҳи баромад аз таҳти фишори таҳримотро пайдо намуд. Аз ҷумла кадом имконоти иловагиро бояд равона намуд, то тоҷирони беинсоф аз вазъ сӯистифода накунанд, ки барояшон даромад аз ҳама чиз боло меистад.
"Ҳамаи соҳибкорӣ бояд миллӣ шавад, кумак кунад, то иқтисод устувор шавад, гароншавии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро иҷоза надиҳад", - изҳор дошт Матвиенко.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе кишварҳои ҷаҳон алайҳи Русия дар пайи амалиёти низомӣ барои ҳимояи Донбасс дар Украина таҳрим ҷорӣ намуданд, ки бахшҳои гуногун, аз молия то саноату энержиро дар бар мегиранд.