Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО аз муносибати бераҳмонаи артиши Украина бо донишҷӯёни ҳиндӣ гуфтанд

© Sputnik / Stringer / Гузариш ба медиабонкУкраинский военнослужащий на международных командно-штабных учениях во Львовской области
Украинский военнослужащий на международных командно-штабных учениях во Львовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
"Indian Express" гузориш медиҳад, ки донишҷӯёни ҳиндӣ дар Украина наметавонанд тарки кишвар кунанд ва бо хушунати артиши маҳаллӣ рӯ ба рӯ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Донишҷӯёни ҳиндӣ дар Украина аз хушунати артиши Украина хабар додаанд, менависанд расонаҳои ҳиндӣ.
Бино ба гузоришҳо, донишҷӯёни соҳаи тиб аз Ҳиндустон талош доранд, қаламрави Украинаро тарк кунанд.
Аммо ҳоло онҳо бо ҳамлаҳои артиши Украина дар марзи Украина бо кишварҳои ғарбӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Донишҷӯи донишкадаи тиббӣ Ашаи 19-сола (ном иваз карда шуд – аз идора.) гуфтааст, ӯ ва чанд нафари дигарро 8 соат бе ягон сабаб дар марз боздоштаанд.

"Артиши Украина якбора бераҳм шуд. Онҳо ба латукӯби мардум, бахусус ҳиндуҳо шуруъ карданд. Онҳо аз калтакҳо, таппончаҳо истифода мекунанд ва ҳатто ба ҳаво тир холӣ карданд", - нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи ин ҳиндӣ, ин манзараи даҳшатборе буд, ки муддати тӯлонӣ фаромӯш нахоҳад шуд. Гуфта мешавад, ин духтар дар қатори садҳо донишҷӯи дигари ҳиндӣ будааст, ки "латукӯб, шиканҷа ва озор шудаанд".
Ҷавонон аз гуфтани номашон метарсанд. Ба гуфтаи онҳо, низомиёни украинӣ ҳамаро дар сармо дар асорат нигоҳ медоштанд.
Ба онҳо ба далели он ки Ҳинд дар Шӯрои амнияти СММ аз раъйдиҳӣ алайҳи амалиёти вижаи Русия дар Украина худдорӣ кардааст, ғизо, об, паноҳгоҳ ва гузаргоҳи амн надоданд. Марзбонони украинӣ ҳамчунин донишҷӯёнро ба "бозии шикорӣ" маҷбур кардаанд.

"Онҳо гуфтанд, ки агар мо пирӯз шавем, моро иҷозат медиҳанд. Агар накунем, мо бояд он ҷо мемондем. Вақте мо рад кардем, пулис як донишҷӯи ҳиндиро шиканҷа кард. Ӯ гирифтори астма аст", - гуфтааст як шаҳрванди дигари Ҳиндустон ба "Times of India".

Сарҳадбонон таҳдид кардаанд, ки агар фармонро иҷро накунанд, онҳоро шиканҷа хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0