Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дафтари Зеленский таъйид кард: Ҳайатҳои Русияву Украина сари мизи гуфтушунид менишинанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПереговоры России и Украины в Гомельской области
Переговоры России и Украины в Гомельской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Мушовири раиси дафтари Зеленский Михаил Подоляк шоми 2 март дар бораи музокирот бо Русия хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мақомоти Украина иттилоъ дар бораи баргузории музокирот бо Русияро шоми 2 март тасдиқ карданд.
Дар ин бора Алексей Арестович, мушовири роҳбари дастгоҳи Владимир Зеленский изҳорот додааст ва суханони ӯро телевизиони ин кишвар иқтибос овардааст.

"Имрӯз (2 март - идора) музокирот баргузор мешавад. Ин даври дувум хоҳад буд. Фикр мекунам, ҳамааш мисли пештара хоҳад буд. Ҳеҷ чиз тағир намеёбад. Мо дар мавқеи худ мемонем", - афзуд ӯ.

Номбурда илова кард, ки ба даври дуюми музокирот ҳам ҳайатҳои дар гуфтушуниди аввала иштирокдошта ҳозир мешаванд.
Қаблан котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфта буд, ки намояндагони Маскав ба ҷои музокирот рафта, мунтазири ҳайати Украинаанд.
Музокироти қаблӣ рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Маскав ба музокирот омодааст, Киев таъхиркорӣ дорад
Ба ҳайати Русия ёвари раисиҷумҳур Владимир Мединский, муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, муовини вазири дифоъ Александр Фомин, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байналмилалӣ Леонид Слутский ва сафири Русия дар Беларус Борис Гризлов ворид буданд.
Аз ҷониби Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раҳбари фраксияи "Хизматгори халқ" Дэвид Арахамия, муовини вазири корҳои хориҷӣ Николай Точитский, мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк, вакили Верховная Рада Рустам Умаров ва муовини аввали роҳбари ҳайати Украина Андрей Костин дар нишаст ҳузур доштанд.
Дар машварати аввала ҷонибҳо ба ягон мувофиқа нарасиданд.
Лентаи хабарҳо
0