https://sputnik.tj/20220302/bonki-jahoni-afghoniston-kukak-1046437518.html
Бонки Ҷаҳонӣ ният дорад, ба Афғонистон беш аз як миллиард доллар кумак кард
Бонки Ҷаҳонӣ ният дорад, ба Афғонистон беш аз як миллиард доллар кумак кард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ ба ниҳодҳо ва созмонҳои башардӯстона беш аз 1 миллиард доллар ихтисос хоҳад дод
2022-03-02T17:40+0500
2022-03-02T17:40+0500
2022-03-02T20:20+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
бонки ҷаҳонӣ
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/01/1045392035_0:181:2999:1867_1920x0_80_0_0_4e193bdacafe660322055a4f7c8578e7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ эълон кардааст, ки барои ҳимоят аз Афғонистон ва кумак ба ин кишвар ба ниҳодҳо ва созмонҳои имдодии байналмилалӣ беш аз 1 миллиард доллар ихтисос хоҳад дод.Дар ин бора дар як изҳорот дар сомонаи ин ниҳоди молиявӣ навишта шудааст.Ин қарорро 1 март Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ кард.Ёдовар мешавем, ки охири соли 2021 ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз бадтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ҳушдор дода гуфта буд, ба миллионҳо нафар аз кӯдакони афғонистонӣ гуруснагӣ ва марг таҳдид мекунад.Бисёре аз афғонҳо маҷбуранд, фарзандони хурдсоли худро бифурӯшанд, то боқимондаи аъзои хонаводаро бо хӯрок таъмин кунанд.Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90 дарсади афғонистониҳо зери хатти фақр қарор мегиранд.Баъди суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли гузашта қудрат ба дасти толибон афтод ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар бадтар шуд.Афғонистон аз кумакҳои ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор маҳрум шуд ва дар кишваре, ки ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ то ба 40 дарсади ММД мерасид, буҳрони шадиди башарӣ рӯйи кор омад.Аксарият бекор монда, шахсоне, ки кор мекарданд, чандин моҳ аст, ки маош намегиранд.
https://sputnik.tj/20220227/shahrvandi-afghoniston-eron-meravad-1046319622.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/01/1045392035_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_6f9c36c4a7da89bcc557ae0a60f59398.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки ҷаҳонӣ, афғонистон, кумак, созмонҳои башардӯстона
бонки ҷаҳонӣ, афғонистон, кумак, созмонҳои башардӯстона
Бонки Ҷаҳонӣ ният дорад, ба Афғонистон беш аз як миллиард доллар кумак кард
17:40 02.03.2022 (Навсозишуда: 20:20 02.03.2022) Бонки Ҷаҳонӣ ба ниҳод ва созмонҳои башардӯстона беш аз 1 миллиард доллар ихтисос хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ эълон кардааст, ки барои ҳимоят аз Афғонистон ва кумак ба ин кишвар ба ниҳодҳо ва созмонҳои имдодии байналмилалӣ беш аз 1 миллиард доллар ихтисос хоҳад дод.
Дар ин бора дар як изҳорот дар сомонаи ин ниҳоди молиявӣ навишта шудааст.
“Зиёда аз 1 миллиард доллар аз Сандуқи бозсозии Афғонистон ба ниҳодҳои мунтахаби СММ ва созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ҷудо карда мешавад”, - омадааст дар ин гузориш.
Ин қарорро 1 март Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ кард.
Ёдовар мешавем, ки охири соли 2021 ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз бадтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ҳушдор дода гуфта буд, ба миллионҳо нафар аз кӯдакони афғонистонӣ гуруснагӣ ва марг таҳдид мекунад.
Бисёре аз афғонҳо маҷбуранд, фарзандони хурдсоли худро бифурӯшанд, то боқимондаи аъзои хонаводаро бо хӯрок таъмин кунанд.
Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90 дарсади афғонистониҳо зери хатти фақр қарор мегиранд.
Баъди суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли гузашта қудрат ба дасти толибон афтод ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар бадтар шуд.
Афғонистон аз кумакҳои ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор маҳрум шуд ва дар кишваре, ки ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ то ба 40 дарсади ММД мерасид, буҳрони шадиди башарӣ рӯйи кор омад.
Аксарият бекор монда, шахсоне, ки кор мекарданд, чандин моҳ аст, ки маош намегиранд.