Байден саҳван украинҳоро "эронӣ" гуфт

© AFP 2023 / MANDEL NGANПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико зимни суханронияш дар Конгресс саҳван украинҳоро "эрониҳо" гуфт
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Кишвардори Амрико бо вуҷуди иштибоҳҳои қаблияш зимни суханрониҳои худ, ки ҳеҷ ислоҳ намешавад, ахиран украинҳоро "эронӣ" хонд.

"(Президенти Русия, Владимир Путин - идора) Путин Киевро бо танкҳо иҳота карда метавонад, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ рӯҳ ва қалби эрониҳоро ба даст намеорад", - афзуд Байден дар муроҷиат ба мардуми Украина

Ёдрас менамоем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Байден боз фаромӯш кард, ки президенти Амрико кист
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Латиф Пидром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Пидром: Бовар ба Амрико иштибоҳи бузург аст
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0