https://sputnik.tj/20220301/qarori-shahrdor-dushanbe-tashakkul-hayoti-solim-1046392031.html
Қарори шаҳрдори Душанбе барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар 5 соли оянда
Қарори шаҳрдори Душанбе барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар 5 соли оянда
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот ҳадаф гузоштаанд, инфрасохтори варзиширо таҳким бахшанду теъдоди шаҳрвандони машғул ба машқи баданро афзоиш диҳанд
2022-03-01T17:30+0500
2022-03-01T17:30+0500
2022-03-01T18:56+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
солим
душанбе
нақша
чорабинӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315839_0:137:2048:1289_1920x0_80_0_0_a4e6974ae037af1279b46a84a3e5d1e5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе бо имзои як қарор нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026-ро таъйид кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф намудааст, ки дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи шарикони рушд тарзи ҳаёти солимро миёни сокинон густариш диҳанд. Таъкид шудааст, ки ҳар нимсола аз чораҳои анҷомшуда ба ҳукумати Душанбе гузориш пешниҳод карда шавад. Дар доираи барномаи миллии қабулгардида интизор меравад, теъдоди одамоне, ки мунтазам ба варзишу машқи бадан машғуланд, афзоиш дода шавад. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, то аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 218 зерсохти варзишии шакли моликияташон гуногун фаъолият мекунад. Аз ҷумла 122 варзишгоҳ, 7 326 майдончаи варзишӣ, 1829 толори варзишӣ, 96 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмаи марказҳои солимгардонӣ ва 805 зерсохти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъоланд.Манбаъ афзуд, соли 2021 дар Тоҷикистон 227 зерсохти варзишӣ, 7 варзишгоҳ, 163 майдончаи варзишӣ, 49 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 4 маҷмаи солимгардонӣ бо харҷи 118 млн. сомонӣ ифтитоҳ гардид, ки 32 млн. аз ҳисоби буҷаи давлат ва 86 миллиони дигараш аз ҳисоби сарпарастон сармоягузорӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220301/moshin-joiza-kushii-navruzi-dushanbe-1046374084.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315839_161:0:1978:1363_1920x0_80_0_0_7c0c86ff2b2f2f9d59f341f832c39f49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарор, раис, душанбе, тарз, ҳаёт, солим, ташаккул
қарор, раис, душанбе, тарз, ҳаёт, солим, ташаккул
Қарори шаҳрдори Душанбе барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар 5 соли оянда
17:30 01.03.2022 (Навсозишуда: 18:56 01.03.2022) Мақомот ҳадаф гузоштаанд, зеррасохтҳои варзишӣ ва теъдоди шаҳрвандони машғул ба машқи баданро афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе бо имзои як қарор нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026-ро таъйид кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф намудааст, ки дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи шарикони рушд тарзи ҳаёти солимро миёни сокинон густариш диҳанд.
Таъкид шудааст, ки ҳар нимсола аз чораҳои анҷомшуда ба ҳукумати Душанбе гузориш пешниҳод карда шавад.
Дар доираи барномаи миллии қабулгардида интизор меравад, теъдоди одамоне, ки мунтазам ба варзишу машқи бадан машғуланд, афзоиш дода шавад.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, то аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 218 зерсохти варзишии шакли моликияташон гуногун фаъолият мекунад. Аз ҷумла 122 варзишгоҳ, 7 326 майдончаи варзишӣ, 1829 толори варзишӣ, 96 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмаи марказҳои солимгардонӣ ва 805 зерсохти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъоланд.
Манбаъ афзуд, соли 2021 дар Тоҷикистон 227 зерсохти варзишӣ, 7 варзишгоҳ, 163 майдончаи варзишӣ, 49 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 4 маҷмаи солимгардонӣ бо харҷи 118 млн. сомонӣ ифтитоҳ гардид, ки 32 млн. аз ҳисоби буҷаи давлат ва 86 миллиони дигараш аз ҳисоби сарпарастон сармоягузорӣ шудааст.