https://sputnik.tj/20220301/pushilin-askaron-ukraina-ozuqa-taminand-1046390916.html
Пушилин: Аскарони асири Украина бо озуқа ва ёрии тиббӣ таъминанд
Пушилин: Аскарони асири Украина бо озуқа ва ёрии тиббӣ таъминанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Донетск гуфт, ба асирони ҷангии Украина эҳтиромона муносибат мекунанд
2022-03-01T17:45+0500
2022-03-01T17:45+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
ҷмд
ҷмл
коршинос
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/09/1030100936_0:209:2896:1838_1920x0_80_0_0_babc0276795f037b44782ae2147f70c2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Низомиёни артиши Украина, ки таслим шудаанд, бо ғизо таъмин ҳастанд ва пайваста ёрии тиббӣ мегиранд, гуфт раисҷумҳури Донетск Денис Пушилин.Ба гуфтаи Пушилин, вазифаи Вазорати дифои Русия ин аст, ки пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ аскаронро ба Ватан баргардонанд ва онҳо забонхат менависанд, ки алайҳи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ва ҳамчунин Русия намеҷанганд. Вай таъкид кард, ин ба ҳамаи онҳое дахл дорад, ки яроқи худро ба замин гузоштаанд.Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амният баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар додандВай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.
https://sputnik.tj/20220301/millatgaroyon-ukraina-rusiya-1046384486.html
ҷмл
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/09/1030100936_84:0:2813:2047_1920x0_80_0_0_ecdb9305a36d21d373c84a57ec5952f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аскарони украинӣ, пушилин, украина
аскарони украинӣ, пушилин, украина
Пушилин: Аскарони асири Украина бо озуқа ва ёрии тиббӣ таъминанд
17:45 01.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Раҳбари Донетск гуфт, ба асирони ҷангии Украина муҳтарамона муносибат мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Низомиёни артиши Украина, ки таслим шудаанд, бо ғизо таъмин ҳастанд ва пайваста ёрии тиббӣ мегиранд, гуфт раисҷумҳури Донетск Денис Пушилин.
"Дар Вазорати дифои Русия фаҳмиши возеҳ вуҷуд дорад ва ақли комилан солим ва муносибати муҳтарамона дар амалҳои мо дар робита ба асирони ҷангӣ мушоҳида мешавад", - гуфт ӯ дар барномаи "Соловёв Live".
Ба гуфтаи Пушилин, вазифаи Вазорати дифои Русия ин аст, ки пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ аскаронро ба Ватан баргардонанд ва онҳо забонхат менависанд, ки алайҳи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ва ҳамчунин Русия намеҷанганд.
Вай таъкид кард, ин ба ҳамаи онҳое дахл дорад, ки яроқи худро ба замин гузоштаанд.
"Онҳо бо ҳама чизи зарурӣ, ғизо, ёрии тиббӣ то анҷоми амалиёти ҷангӣ таъмин карда мешаванд", - гуфт Пушилин дар барномаи "Соловьев Live".
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амният баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.