https://sputnik.tj/20220301/oghoz-baqaydgiri-ishtirok-imtihonoti-dokhilshavi-1046376367.html
Оғози марҳилаи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ
Оғози марҳилаи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ
Sputnik Тоҷикистон
Марҳилаи асосии бақайдгирии иштирокдорони имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 45 рӯз давом хоҳад кард
2022-03-01T13:00+0500
2022-03-01T13:00+0500
2022-03-01T16:36+0500
дар тоҷикистон
маориф
имтиҳон
дохилшавӣ
қайд
маркази миллии тестӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0d/1032996312_422:0:3622:1800_1920x0_80_0_0_e9384e25bc04213d2aed9b3bf304f482.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сабти номи довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2022 шуруъ гардид, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, барои довталабон дар 34 шаҳру ноҳияи кишвар 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил карда шуданд. Инчунин дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёр фаъолият мекунанд. Таъкид шудааст, ки довталабон метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро сабти ном кунанд. Дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва арзиши хидматрасонӣ зикр гардидааст, ки нархҳо барои соли равон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ гардидаанд. Аз ҷумла 240 сомонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё миёнаи касбӣ муқаррар шудааст. Барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ арзиши хидматрасонӣ 180 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин муқаррар шудаст, ки ба ивази 25 сомонӣ довталаб метавонад дар марҳилаи азнавбақайдгирӣ интихобҳои аввалияашро тағйир диҳад. Шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои ин хидматрасонӣ озод мебошанд. Дар баробари ин афроди то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз имтиёзҳо бархӯрдоранд. Зикр гардид, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ ба якчанд забон аст, довталаб метавонад забони таълимро худаш интихоб намояд. Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ то 15 апрел идома хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220221/prezident-direktor-mmt-muovinon-barkanor-1046109142.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0d/1032996312_822:0:3222:1800_1920x0_80_0_0_a3d66cfbabc8ce1ed46b3ba2786678fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, сабт, имтиҳонот, дохилшавӣ, иштирокдорон
оғоз, сабт, имтиҳонот, дохилшавӣ, иштирокдорон
Оғози марҳилаи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ
13:00 01.03.2022 (Навсозишуда: 16:36 01.03.2022) Марҳилаи асосии бақайдгирии иштирокдорони имтиҳоноти муттамаркизи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 45 рӯз давом хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сабти номи довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2022 шуруъ гардид, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барои довталабон дар 34 шаҳру ноҳияи кишвар 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил карда шуданд. Инчунин дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёр фаъолият мекунанд.
Таъкид шудааст, ки довталабон метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро сабти ном кунанд.
Дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва арзиши хидматрасонӣ зикр гардидааст, ки нархҳо барои соли равон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ гардидаанд.
Аз ҷумла 240 сомонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё миёнаи касбӣ муқаррар шудааст. Барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ арзиши хидматрасонӣ 180 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин муқаррар шудаст, ки ба ивази 25 сомонӣ довталаб метавонад дар марҳилаи азнавбақайдгирӣ интихобҳои аввалияашро тағйир диҳад.
Шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои ин хидматрасонӣ озод мебошанд. Дар баробари ин афроди то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.
Зикр гардид, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ ба якчанд забон аст, довталаб метавонад забони таълимро худаш интихоб намояд.
Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ то 15 апрел идома хоҳад кард.