https://sputnik.tj/20220301/ittihodiya-avrupo-rusiya-jangi-iqtisodi-moliyavi-tahdid-1046382425.html
Иттиҳодияи Аврупо Русияро бо ҷанги куллии иқтисодӣ ва молӣ таҳдид кард
Иттиҳодияи Аврупо Русияро бо ҷанги куллии иқтисодӣ ва молӣ таҳдид кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Фаронса гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ҷанги куллии иқтисодиро алайҳи Русия оғоз мекунад
2022-03-01T15:00+0500
2022-03-01T15:00+0500
2022-03-01T18:02+0500
дар русия
фаронса
иттиҳодияи аврупо
иқтисод
ҷанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039531861_0:6:3501:1975_1920x0_80_0_0_ccea70f823427651d124013eaef85ac3.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Брюно Ле Мэр, вазири молияи Фаронса гуфт, Иттиҳодияи Аврупо талош хоҳад кард, Маскавро аз лиҳози иқтисодӣ пахш намояд.Пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина кишварҳои ғарбӣ аз ҷорӣ намудни таҳримҳои нав хабар доданд.Иттиҳодияи Аврупо амалиёти марбут ба идораи захираҳо ва дороиҳои Бонки Русияро мамнуъ кард.Ҳамчунин якчанд созмони бузурги молӣ, аз ҷумла "Сбербанк" ва ВТБ, таҳти маҳдудият қарор гирифтанд. Чанд бонки Русия аз SWIFT қатъ карда шуд.Барои баъзе ширкатҳои давлатӣ ҷалби сармоя аз хориҷ мушкил шудаст. Олмон раванди иҷозатномадиҳии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ кард.Аврупо фазоашро ба рӯи ҳавопаймоҳои Русия баст.Маскав хабар дод, ки нақшаеро алайҳи ин амали Аврупо тартиб додааст. Мақомот таъкид карданд, ба соҳибкороне, ки таҳти маҳдудият қарор гирифтаанд, ҳама гуна кумаки заруриро расонида, фаъолияти эътидоли иқтисодро фароҳам хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20220301/google-avrupo-youtube-rt-sputnik-qat-1046379222.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039531861_378:0:3109:2048_1920x0_80_0_0_d4d979acd21022000106d0c9ff38ab50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттищодияи аврупо, русия, ҷанг, иқтисод, фаронса
иттищодияи аврупо, русия, ҷанг, иқтисод, фаронса
Иттиҳодияи Аврупо Русияро бо ҷанги куллии иқтисодӣ ва молӣ таҳдид кард
15:00 01.03.2022 (Навсозишуда: 18:02 01.03.2022) Вазири молияи Фаронса гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ҷанги куллии иқтисодиро алайҳи Русия оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Брюно Ле Мэр, вазири молияи Фаронса гуфт, Иттиҳодияи Аврупо талош хоҳад кард, Маскавро аз лиҳози иқтисодӣ пахш намояд.
"Мо бар зидди Русия ҷанги ҷаҳонии иқтисодӣ ва молӣ хоҳем кард", - гуфт вай ба радиои "France Info".
Пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина кишварҳои ғарбӣ аз ҷорӣ намудни таҳримҳои нав хабар доданд.
Иттиҳодияи Аврупо амалиёти марбут ба идораи захираҳо ва дороиҳои Бонки Русияро мамнуъ кард.
Ҳамчунин якчанд созмони бузурги молӣ, аз ҷумла "Сбербанк" ва ВТБ, таҳти маҳдудият қарор гирифтанд. Чанд бонки Русия аз SWIFT қатъ карда шуд.
Барои баъзе ширкатҳои давлатӣ ҷалби сармоя аз хориҷ мушкил шудаст. Олмон раванди иҷозатномадиҳии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ кард.
Аврупо фазоашро ба рӯи ҳавопаймоҳои Русия баст.
Маскав хабар дод, ки нақшаеро алайҳи ин амали Аврупо тартиб додааст. Мақомот таъкид карданд, ба соҳибкороне, ки таҳти маҳдудият қарор гирифтаанд, ҳама гуна кумаки заруриро расонида, фаъолияти эътидоли иқтисодро фароҳам хоҳанд кард.