Ҳавопаймои парвози Душанбе - Уфа ба далели номусоидии ҳаво дар Екатеринбург нишаст

© Sputnik / Константин МихальчевскийСамолет Airbus A319-100 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A319-100 авиакомпании Уральские авиалинии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Фурудгоҳи байнулмилалии Уфа (UIA) бинобар меҳ натавонист парвоз аз Тоҷикистонро қабул кунад ва ҳавопаймо ба Екатеринбург ҳидоят шуд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Фурудгоҳи Уфа ба далели ҳавои номусоид ва фаромадани тормеғ натавонист нуҳ парвози дохиливу байналмилалиро қабул кунад.
Тибқи нишондоди ҷадвали парвозҳои вурудӣ, миёни парвозҳое, ки ба таъхир афтодаанд, як ҳавопаймо аз Тоҷикистон низ ҳаст.
Сухан дар бораи парвози ширкати ҳавопаймоии русии "Уральские авиалинии", U6 2916 меравад, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз кардааст.

"Аз соати 23:40 ба далели шароити душвори обуҳаво, аз ҷумла, адами диди кофӣ даҳ парвоз ба таъхир афтод, ки дуто аз ин ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳҳои алтернативӣ парвоз карданд", - омадааст дар изҳороти фурудгоҳ.

Ҳавопаймо бо мусофирон мебоист соати 06:25 ба вақти маҳаллӣ дар Уфа фуруд меомад, аммо ба далели номусоидии обуҳаво ба фурудгоҳи алтернативии Колтсовои Екатеринбург парвоз кард.
Вақти тахминии расидани парвози Душанбе – Уфа соати 11:00 аст.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Масири парвози Душанбе - Екатеринбург тағйир ёфт: сабаб
Инчунин гуфта мешавад, ҳавопаймои дигар ба фурудгоҳи алтернативӣ рафт: ҳавопаймое, ки аз Шереметево омада буд, ба фурудгоҳи Оренбург нишастааст.
Илова бар ин дар вебсайти расмии фурудгоҳ хабаре нашр шудааст, ки тибқи паёми Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ аз 24 феврали соли 2022, парвозҳо ба як қатор фурудгоҳҳои ҷануби ин кишвар муваққатан маҳдуд карда шудаанд.
"Дар бораи тағйирот дар ҷадвали парвозҳо лутфан аз вебсайтҳои расмӣ ва хадамоти иттилоотии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳ иттилоъ бигиред", - омадааст дар паём.
Лентаи хабарҳо
0