https://sputnik.tj/20220301/dzhonson-britoniyo-ukraina-rusiya-jang-1046408886.html
Джонсон: Бритониё дар Украина бо Русия ҷанг намекунад
Джонсон: Бритониё дар Украина бо Русия ҷанг намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Бритониё гуфт, ки кишвараш дар Украина бо Русия ҷанг нахоҳад кард
2022-03-01T23:00+0500
2022-03-01T23:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
бритониё
ҷанг
нахуствазир
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046169562_0:0:3018:1699_1920x0_80_0_0_1dc83d5e0d87d30e6200ee23460867af.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ки имрӯзҳо ба Эстония сафар кардааст, дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, Бритониё бо нерӯҳои Русия дар Украина ҷанг нахоҳанд кард."Мо бо сарбозони Русия дар Украина намеҷангем. Такмили нерӯҳои мо ҳам дар ин ҷо дар Тапа (Эстония), дар ҳудуди марзҳои кишварҳои узви НАТО сурат мегирад", - гуфт ӯ.Ёдрас мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220301/shoygu-amaliyot-artis-rusiya-1046389234.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046169562_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_058df158cea92bda81a980cc13057084.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бритониё, русия, ҷанг, украина, борис ҷонсон
бритониё, русия, ҷанг, украина, борис ҷонсон
Джонсон: Бритониё дар Украина бо Русия ҷанг намекунад
23:00 01.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш дар Украина бо Русия ҷанг нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ки имрӯзҳо ба Эстония сафар кардааст, дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, Бритониё бо нерӯҳои Русия дар Украина ҷанг нахоҳанд кард.
"Мо бо сарбозони Русия дар Украина намеҷангем. Такмили нерӯҳои мо ҳам дар ин ҷо дар Тапа (Эстония), дар ҳудуди марзҳои кишварҳои узви НАТО сурат мегирад", - гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.