Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Украина чӣ мегузарад: Теъдоди иншоотҳои харобгардида маълум шуд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСитуация на границе Крыма с Украиной
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Обуна шудан
Дар як рӯзи гузашта низомиёни рус Херсон ва Бердянскро иҳота карда, фурудгоҳи Геничевск ва Черобаевкаро таҳти назорат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Артиши Русия 975 иншооти зербинои низомии Украинаро тахриб кард. Дар ин бора ба хабарнигорон сухангӯи вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.
"То имрӯз Нерӯҳои мусаллаҳи Русия 975 объекти зерсохтори низомии Украинаро задаанд", - гуфт ӯ.
Дар миёни онҳо 23 посгоҳи фармондеҳӣ ва маркази иртибототи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, 3 нуқтаи радарӣ, 31 маҷмааи зиддимушакии С-300, Бук М-1 ва Оса ва ҳамчунин 48 истгоҳи радарӣ мавҷуданд.
Низомиёни Русия 8 ҳавопаймои ҷангӣ, 7 чархбол, 11 ҳавопаймои бесарнишин ва 2 мушаки тактикии “Точка-У”-ро низ аз фаъолият бароварданд.
Илова бар ин, дар ҷараёни амалиёти вижа 223 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 28 ҳавопаймо, 39 мушакандози чандкарата, 143 мошини низомӣ, 86 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномёт нобуд карда шуданд.
Рӯзи гузашта артиши Русия Херсон ва Бердянскро муҳосира карда, фурудгоҳи Геничевск ва Черобаевкаро зери назорат гирифт.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Зеленский аз гуфтушунид бо Русия дар Беларус худдорӣ кард
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлолияти ҶМЛ ва ҶМД -ро расман ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пасон, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад".
Илова бар ин, президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд. Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд.
Вазъият дар Украина феълан муташанниҷ буда, Владимир Зеленский аз музокирот бо Русия дар Беларус худдорӣ кард. Ҷониби Русия мегӯяд, то соати 15:00 рӯзи 27 феврал ҳайати Украинаро барои нишастан сари мизи гуфтугӯ интизор мешаванд. Дар сурати наомадан, хунрезии минбаъда низ ба дӯши кишвардори Украина вогузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0