https://sputnik.tj/20220227/putin-farmon-neruhoi-strategi-rejai-makhsusi-jangi-1046321244.html
Путин фармон дод, ки нерӯҳои стратегӣ ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд - видео
Путин фармон дод, ки нерӯҳои стратегӣ ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ба вазири дифоъ ва раиси ситоди кулли Русия фармон дод, ки нерӯҳои боздорандагиро ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронанд
2022-02-27T19:40+0500
2022-02-27T19:40+0500
2023-10-02T17:09+0500
владимир путин
артиш
фармон
стратегӣ
сергей шойгу
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046213018_0:0:1636:921_1920x0_80_0_0_44a1f9f90b779ab04a4537aa859d563b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли артиши Русия дастур дод, нирӯҳои стратегии артиши Русия ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд.Тавре ки сомонаи Вазорати дифои Русия навиштааст, нерӯҳои стратегӣ "барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз бар зидди Русия ва муттаҳидони он, инчунин барои шикаст додани таҷовузкор, аз ҷумла дар ҷанг бо истифодаи яроқи ядроӣ” мебошанд.Амалиёти вижа бар зидди УкраинаРӯзи 21 феврал дар вокуниш ба муроҷиатҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи соҳибихтиёрии онҳо, Владимир Путин фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дод.Путин максади онро хифзи сокинони Донетску Луганск номид, ки хашт сол боз ба қатли ом гирифтор шудаанд. Вай таъкид кард, ки Русия кишвари ҳамсояро ишғол карданӣ нест.Раисҷумҳур аз низомиёни Украина даъват кард, ки фармонҳои ҷиноии ҳукуматашонро иҷро накунанд ва силоҳҳояшонро ба замин гузоранду ба хонаҳояшон бираванд Путин, тамоми масъулияти хунрезиро дар Украина бар дӯши режими Киев вогузор кард.Вазорати дифоъ таъкид кард, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Украина зарба намезананд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046213018_167:0:1514:1010_1920x0_80_0_0_e8e8c1877de82eaa772e483ece239ac2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, фармон, нерӯҳои стратегӣ, украина, реҷаи махсус
русия, фармон, нерӯҳои стратегӣ, украина, реҷаи махсус
Путин фармон дод, ки нерӯҳои стратегӣ ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд - видео
19:40 27.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Раисҷумҳури Русия ба вазири дифоъ ва раиси Ситоди кулли Русия фармон дод, ки нерӯҳои стратегиро ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронанд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли артиши Русия дастур дод, нирӯҳои стратегии артиши Русия ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд.
“Кишварҳои ғарбӣ на танҳо алайҳи кишвари мо дар бахши иқтисодӣ иқдомоти ғайридӯстона мекунанд, ман он таҳримҳоро дар назар дорам, ки ҳама хуб медонанд, балки мақомоти баландпояи кишварҳои пешрафтаи НАТО низ алайҳи кишвари мо изҳороти таҳаммулнопазир медиҳанд", - гуфт роҳбари Русия.
Тавре ки сомонаи Вазорати дифои Русия навиштааст, нерӯҳои стратегӣ "барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз бар зидди Русия ва муттаҳидони он, инчунин барои шикаст додани таҷовузкор, аз ҷумла дар ҷанг бо истифодаи яроқи ядроӣ” мебошанд.
Амалиёти вижа бар зидди Украина
Рӯзи 21 феврал дар вокуниш ба муроҷиатҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи соҳибихтиёрии онҳо, Владимир Путин фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дод.
Путин максади онро хифзи сокинони Донетску Луганск номид, ки хашт сол боз ба қатли ом гирифтор шудаанд. Вай таъкид кард, ки Русия кишвари ҳамсояро ишғол карданӣ нест.
Раисҷумҳур аз низомиёни Украина даъват кард, ки фармонҳои ҷиноии ҳукуматашонро иҷро накунанд ва силоҳҳояшонро ба замин гузоранду ба хонаҳояшон бираванд Путин, тамоми масъулияти хунрезиро дар Украина бар дӯши режими Киев вогузор кард.
Вазорати дифоъ таъкид кард, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Украина зарба намезананд.