https://sputnik.tj/20220227/mmt-zamon-arzish-imtihon-dovtalab-1046312558.html
ММТ замон ва арзиши қабули довталабонро эълон кард: кӣ аз имтиёз бархӯрдор аст?
ММТ замон ва арзиши қабули довталабонро эълон кард: кӣ аз имтиёз бархӯрдор аст?
Sputnik Тоҷикистон
Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна сурат мегирад
2022-02-27T10:30+0500
2022-02-27T10:30+0500
2022-02-28T17:45+0500
дар тоҷикистон
маориф
ммт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102854/25/1028542519_0:161:3070:1888_1920x0_80_0_0_eb6a5e3c0e9e21f7ef62a9108c340cea.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Аз якуми марти соли ҷорӣ марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ оғоз мегардад, хабар медиҳад котиботи ин марказ.Ба иттилои манбаъ, довталабон метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.ММТ мегӯяд, барои қабули донишҷӯён дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.Арзиши хидматрасонӣ барои хатмкунандагон 240 сомонӣ буда, барои шахсоне, ки хатмкардаи синфи 9 мебошанд, 180 сомонӣ аст.Илова бар ин барои марҳилаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия 25 сомонӣ муқаррар шудааст.Аммо барои ятимони кул ва бепарасторони то синни 21-солагӣ, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва кӯдакони маъюб ин хидматрасонӣ ройгон пешниҳод хоҳад шуд. Ҳамзамон шахсоне, ки то синни 21-солагӣ яке аз волидони онҳо фавтидаанд ва дар парастории яке аз онҳо қарор доранд, аз пардохти 50%-и маблағ озоданд.Ҷавони тоҷик дар Тотористон донишҷӯи сол шудЁдовар мешавем, чанде пеш роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон директори ММТ ва муовинони ӯро аз вазифа сабукдӯш кард.Маркази миллии тестӣ соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ мебошад.Аммо шаффофияти ин марказ борҳо зери шубҳа қарор гирифтааст. Директори ҳамакнун барканоршудаи ин марказ чанд сол пеш гуфта буд, ки шикоятҳои ба марказ воридшуда асос надоранд.
https://sputnik.tj/20220221/prezident-direktor-mmt-muovinon-barkanor-1046109142.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102854/25/1028542519_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_7405afdb39936c94b5f68be8b97d84f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ммт довталаб имтиҳон
ММТ замон ва арзиши қабули довталабонро эълон кард: кӣ аз имтиёз бархӯрдор аст?
10:30 27.02.2022 (Навсозишуда: 17:45 28.02.2022) Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Аз якуми марти соли ҷорӣ марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ оғоз мегардад, хабар медиҳад котиботи ин марказ.
Ба иттилои манбаъ, довталабон метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
ММТ мегӯяд, барои қабули донишҷӯён дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.
Арзиши хидматрасонӣ барои хатмкунандагон 240 сомонӣ буда, барои шахсоне, ки хатмкардаи синфи 9 мебошанд, 180 сомонӣ аст.
Илова бар ин барои марҳилаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия 25 сомонӣ муқаррар шудааст.
Аммо барои ятимони кул ва бепарасторони то синни 21-солагӣ, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва кӯдакони маъюб ин хидматрасонӣ ройгон пешниҳод хоҳад шуд.
Ҳамзамон шахсоне, ки то синни 21-солагӣ яке аз волидони онҳо фавтидаанд ва дар парастории яке аз онҳо қарор доранд, аз пардохти 50%-и маблағ озоданд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон директори ММТ ва муовинони ӯро аз вазифа сабукдӯш кард.
Маркази миллии тестӣ соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ мебошад.
Аммо шаффофияти ин марказ борҳо зери шубҳа қарор гирифтааст. Директори ҳамакнун барканоршудаи ин марказ чанд сол пеш гуфта буд, ки шикоятҳои ба марказ воридшуда асос надоранд.