https://sputnik.tj/20220227/amriko-tahrim-tolibon-pobarjost-1046322204.html
Амрико: Таҳримҳо алайҳи толибон ҳамчунон побарҷост
Амрико: Таҳримҳо алайҳи толибон ҳамчунон побарҷост
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Амрико бо изҳори ин ки фаъолияти созмонҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар Афғонистон бояд мутобиқи таҳримҳои Амрико бошад, таъкид кард, ки таҳримҳо алайҳи толибон ҳамчунон побпрҷост
2022-02-27T21:00+0500
2022-02-27T21:00+0500
2022-02-28T11:33+0500
афғонистон
толибон
амрико
таҳрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717905_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_b68662a5887fb32b4253c9aa85d71f41.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати умури Амрико дар баёнияе эълом кард, ки муассисоти молӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бахши хусусӣ метавонанд ҳамзамон бо пайравӣ аз таҳримҳои Амрико дар муомилот ва фаъолиятҳои густарда дар Афғонистон ширкат кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.“Ба бахшҳои зарардидаи бонкдорӣ ва тиҷорат, рушд ва нигоҳдории зерсохтор, амалиёти амниятӣ ва нигоҳдории системаҳои нақлиётӣ ва муомилоти телекоммуникатсионӣ ва иттилоотӣ дохил мешаванд”, - омадааст дар изҳорот.Бо вуҷуди таҳримҳои зидди толибон Вазорати молияи Амрико ахиран иҷозаи наве барои мусоидат ба фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Афғонистон дод.Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико таъкид кард, ки "таҳримҳо алайҳи Толибон лағв нахоҳанд шуд".Ҳамзамон вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки ин иқдоми ИМА ба манзури мусоидат ба ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои имдодӣ бо толибон аст.“Мо барои барқарор кардани иқтисод бо мардуми Афғонистон ҳастем”, - гуфт Блинкен.Вазорати молияи ИМА аз ин пеш се муҷаввиз барои тасҳили кумакҳои башарӣ ва ҳаётӣ аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Афғонистон содир карда буд.
https://sputnik.tj/20220227/shahrvandi-afghoniston-eron-meravad-1046319622.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717905_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_9f69aadbcf4f6c261d71e527fc8e581b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, таҳримҳо, амрико, побарҷост
афғонистон, таҳримҳо, амрико, побарҷост
Амрико: Таҳримҳо алайҳи толибон ҳамчунон побарҷост
21:00 27.02.2022 (Навсозишуда: 11:33 28.02.2022) Вазорати хориҷаи Амрико бо изҳори ин ки фаъолияти созмонҳову ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар Афғонистон бояд мутобиқи таҳримҳои Амрико бошад, таъкид кард, ки таҳримҳо алайҳи толибон ҳамчунон побарҷост
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати умури Амрико дар баёнияе эълом кард, ки муассисоти молӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бахши хусусӣ метавонанд ҳамзамон бо пайравӣ аз таҳримҳои Амрико дар муомилот ва фаъолиятҳои густарда дар Афғонистон ширкат кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Ба бахшҳои зарардидаи бонкдорӣ ва тиҷорат, рушд ва нигоҳдории зерсохтор, амалиёти амниятӣ ва нигоҳдории системаҳои нақлиётӣ ва муомилоти телекоммуникатсионӣ ва иттилоотӣ дохил мешаванд”, - омадааст дар изҳорот.
Бо вуҷуди таҳримҳои зидди толибон Вазорати молияи Амрико ахиран иҷозаи наве барои мусоидат ба фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Афғонистон дод.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико таъкид кард, ки "таҳримҳо алайҳи Толибон лағв нахоҳанд шуд".
Ҳамзамон вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки ин иқдоми ИМА ба манзури мусоидат ба ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои имдодӣ бо толибон аст.
“Мо барои барқарор кардани иқтисод бо мардуми Афғонистон ҳастем”, - гуфт Блинкен.
Вазорати молияи ИМА аз ин пеш се муҷаввиз барои тасҳили кумакҳои башарӣ ва ҳаётӣ аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Афғонистон содир карда буд.