https://sputnik.tj/20220226/rusiya-parvoz-tojikistonro-afzoish-1046293628.html
Русия шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Русия шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ситоди федеролии оперативӣ оид ба мубориза бо коронавирус аз афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ хабар дод
2022-02-26T10:36+0500
2022-02-26T10:36+0500
2022-02-28T20:16+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
дар русия
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045558525_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ec5a3a43506fec4ec62fd61f24bea8f4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Русия аз 14-уми март шумори парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Дар ин бора дар ситоди федералии муқобила бо коронавирус хабар доданд. Тибқи ин гузориш, муовини нахуствазир Татяна Голикова аз номи нахуствазир Михаил Мишустин ҷаласаи Ситоди фаврӣ оид ба ҷилавгирӣ аз ворид ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русияро баргузор кардааст. Ба феҳристи кишварҳое, ки теъдоди парвозҳо ба онҳо афзоиш хоҳад ёфт, Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Ветнам, Ироқ ва Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдив, Муғулистон, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон ворид шудаанд. Ҳамчунин парвозҳо ба Ҳиндустон, Сербия ва Таиланд низ афзоиш ёфтанд.Илова бар ин аз 14 март ситоди оперативӣ парвозҳоро бо Чин ва Индонезия барқарор мекунад. Пекин, Гуанчжоу ва Шанхай дар ҳар як самт ҳафтае як парвоз ва дар як ҳафта се парвоз ба Балӣ оғоз мекунанд. Қаблан хабар дода шуд буд, ки Тоҷикистону Русия ҳаракати ҳавоиро ба ҳамон шуморае, ки қабл аз пандемияи коронавирус буд, пурра барқарор кардаанд. Ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз сурат мегирад. Қобили зикр аст, ки аз моҳи январи соли 2022 арзиши чиптаҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 50% боло рафт. Ҳоло чиптаи хатсайри Душанбе - Маскав дар муқоиса бо моҳи декабр, ки 2,4 ҳазор сомонӣ (19-21 ҳазор рубл) буд, беш аз 5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақозо кардааст, ки қимати парвозҳоро коҳиш ва ҳамчунин изофанависии беасосро шарҳ диҳанд.
https://sputnik.tj/20220201/khadamot-shirkatho-havonavardi-1045385676.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045558525_117:0:1824:1280_1920x0_80_0_0_a66b4dea31d63e5b0a95dda7c07a6c5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чипта, тоҷикистон, русия
Русия шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
10:36 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:16 28.02.2022) Ситоди федералии оперативии муқобила бо коронавирус аз афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Русия аз 14-уми март шумори парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.
Дар ин бора дар ситоди федералии муқобила бо коронавирус хабар доданд.
Тибқи ин гузориш, муовини нахуствазир Татяна Голикова аз номи нахуствазир Михаил Мишустин ҷаласаи Ситоди фаврӣ оид ба ҷилавгирӣ аз ворид ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русияро баргузор кардааст.
"Тасмим гирифта шуд, ки аз 14 март шумораи парвозҳои мунтазам бо кишварҳои зерин ба таври мутақобила зиёд карда шавад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ба феҳристи кишварҳое, ки теъдоди парвозҳо ба онҳо афзоиш хоҳад ёфт, Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Ветнам, Ироқ ва Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдив, Муғулистон, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон ворид шудаанд.
Ҳамчунин парвозҳо ба Ҳиндустон, Сербия ва Таиланд низ афзоиш ёфтанд.
Илова бар ин аз 14 март ситоди оперативӣ парвозҳоро бо Чин ва Индонезия барқарор мекунад.
Пекин, Гуанчжоу ва Шанхай дар ҳар як самт ҳафтае як парвоз ва дар як ҳафта се парвоз ба Балӣ оғоз мекунанд.
Қаблан хабар дода шуд буд, ки Тоҷикистону Русия ҳаракати ҳавоиро ба ҳамон шуморае, ки қабл аз пандемияи коронавирус буд, пурра барқарор кардаанд.
Ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи январи соли 2022 арзиши чиптаҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 50% боло рафт.
Ҳоло чиптаи хатсайри Душанбе - Маскав дар муқоиса бо моҳи декабр, ки 2,4 ҳазор сомонӣ (19-21 ҳазор рубл) буд, беш аз 5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.
Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақозо кардааст, ки қимати парвозҳоро коҳиш ва ҳамчунин изофанависии беасосро шарҳ диҳанд.