Қиссаи фирориёни Донбасс дар бораи ҳаёт зери тирборон

Обуна шудан
Гурӯҳи гурезаҳо аз Донбасс дар бораи саргузашташон тайи қариб 8 соли охир қисса карданд
Бархе аз фирориён мегӯянд, 8 сол дар ҳолати номуайянию нооромӣ зиндагӣ мекарданд. Мусоҳибон мегӯянд, эътирофи мустақилиятро мунтазир буданд, чун дигар умед ба созиш бо мақомдорони Украинаро надоштанд.
"Мунтазирем, ки қаламравҳо ба мо баргарданд - Славянск, Краматорск. Мехоҳем, ки чун пештара сарзамини воҳид бошад. Оромӣ бошад, наздикони зиёд дар Украина дорем", - мегӯяд яке аз мусоҳибон.
Дигаре мегӯяд, ҳам гиристан мехоҳаду ҳам суруд хонданд, чун машаққатҳои зиёдро паси сар кард. Ӯ гуфт, ёд дорад, чӣ тавр гурусна дар таҳхонаҳо бидуни доруворию шароите зиндагӣ мекарданд.
"Мо 8 сол тоқат кардем. Агар шумо медонистед, ки то чӣ ҳад барои мо мушкил буд. Чунин ҳолро ба касе намехоҳӣ, на ба худиҳо на ба душман", - изҳор дошт дигаре.
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф кард. Русия созишномаи дӯстӣ бо ин кишварҳои ҷадидро ба тасвиб расонд.
Лентаи хабарҳо
0