https://sputnik.tj/20220226/putin-mardumi-ukraina-1046293107.html
Путин ба мардуми Украина: Нагузоред, ки фарзандони шуморо сипар кунанд
Путин ба мардуми Украина: Нагузоред, ки фарзандони шуморо сипар кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Путин дар доираи ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба мардуми Украина муроҷиат кард
2022-02-26T09:00+0500
2022-02-26T09:00+0500
2022-02-28T20:09+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
мардум
муроҷиат
владимир путин
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046213018_0:0:1636:921_1920x0_80_0_0_44a1f9f90b779ab04a4537aa859d563b.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Миллатгароёни украинӣ аз мардуми оддӣ ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд, то Русияро дар талафоти ғайринизомиён муттаҳам кунанд. Дар ин бора Путин дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт. Раҳбари Русия дар ин дидор ба низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина муроҷиат карда, аз онҳо хост, ба дастури мақомоти Киев, ки мардуми одиро ба манфиати худ истифода мекунанд, пайравӣ накунанд. Дар асл онҳо ҳамон тавре амал мекунанд, ки террористҳо дар саросари ҷаҳон ҳастанд, шарҳ дод сарвари давлати Русия. Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунадБаъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.
https://sputnik.tj/20220225/zelenskiy-durugh-lavrov-1046268676.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046213018_167:0:1514:1010_1920x0_80_0_0_e8e8c1877de82eaa772e483ece239ac2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муроҷиат, путин, мардум, украина
муроҷиат, путин, мардум, украина
Путин ба мардуми Украина: Нагузоред, ки фарзандони шуморо сипар кунанд
09:00 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:09 28.02.2022) Путин дар доираи ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба мардуми Украина муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Миллатгароёни украинӣ аз мардуми оддӣ ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд, то Русияро дар талафоти ғайринизомиён муттаҳам кунанд.
Дар ин бора Путин дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт.
Раҳбари Русия дар ин дидор ба низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина муроҷиат карда, аз онҳо хост, ба дастури мақомоти Киев, ки мардуми одиро ба манфиати худ истифода мекунанд, пайравӣ накунанд.
"Ҳокимиятро ба дасти худ бигиред. Чунин ба назар мерасад, ки бо шумо созиш кардан барои мо осонтар аст, назар ба ин гурӯҳи нашъамандон ва милаттгароҳои ҷадид, ки дар Киев маскан гирифта, тамоми мардуми Украинаро гаравгон гирифтаанд", - даъват кард Путин.
Дар асл онҳо ҳамон тавре амал мекунанд, ки террористҳо дар саросари ҷаҳон ҳастанд, шарҳ дод сарвари давлати Русия.
"Нагузоред, ки неонатсистҳо ва бендерҳо фарзандон, занҳо ва пиронсолони шуморо ҳамчун сипари зинда истифода баранд", - даъват кард Путин аз сарбозони украинӣ.
Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.