https://sputnik.tj/20220226/bui-ghaliz-roh-khujand--ghafurov-1046304163.html
"Нафасгир мешавӣ": маълум шуд, бӯи ғализ дар роҳи Хуҷанд – Ғафуров аз куҷо паҳн мешавад
"Нафасгир мешавӣ": маълум шуд, бӯи ғализ дар роҳи Хуҷанд – Ғафуров аз куҷо паҳн мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мавзуи паҳншавии бӯи ғализ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, ки аксари роҳгузаронро нигарон кардааст, ахиран рӯзноманигорон бо раиси шаҳри Бӯстон дар миён гузоштанд
2022-02-26T18:54+0500
2022-02-26T18:54+0500
2022-02-28T20:58+0500
суғд
хуҷанд
бобоҷон ғафуров
бӯйи бад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170036_0:83:1596:981_1920x0_80_0_0_67d1ea1a85be3fa05240c963341f43cc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Масъулони ҳукумати шаҳри Бӯстон дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки бӯи ғализ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, воқеъ дар ҳудуди “Автостансия” аз куҷо паҳн мешавад. Азим Сайраҳматов, сардори идораи обу канализатсияи шаҳри Бӯстон дар посух ба суоли рӯзноманигорон иброз намуд, ки ин бӯйи бад аз ҳисоби ташноб (канализатсия)-и шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки ҳар ду дар як макон мерезанд."Дар ҳақиқат ин мушкил ҷой дорад. Он танҳо аз ҳисоби таншноби шаҳри Бӯстон набуда, балки аз ҳисоби партов (канализатся)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ мебошад. Ҳамаи партов дар як макон мерезад. Дар ҳоле ки сохтмони нуқтаи партовпартоӣ ҳанӯз дар асри гузашта сохта шуда ба ҳолати имрӯза мутобиқ намебошад" - гуфт Сайраҳматов. Ин масъули ҳукумати шаҳри Бӯстон мегӯяд, ҳоло аз ҳисоби афзоиш ёфтани шумори аҳолӣ ва коргоҳҳои саноатӣ ҳаҷми партов зиёд шудааст ва ин вазъ кори ин нуқтаи партовпартоиро мушкил намудааст. Сайраҳматов гуфт, ки барои таъмир ва азнавбарқароркунии қубурҳои партовпартоӣ (канализатсия) корҳои ташкилӣ ба нақша гирифта шудааст.Паҳншавии бӯи ғализ аксари пиёдагардону роҳгузарони роҳи Хуҷанд – Ғафуровро нигарон кардааст. Аксари ронандаҳо мегӯянд, бӯй ба дараҷае бад аст, ки дар ҳолати пӯшидани ҳамаи шишаҳои нақлиёт ҳам он ба дохили салон роҳ ёфта, ҳолати нафасгирии мусофиронро мушкил мегардонад.
https://sputnik.tj/20220223/hukumati-sugd-shahru-navohii-viloyat-daromad-1046187399.html
суғд
хуҷанд
бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170036_89:0:1508:1064_1920x0_80_0_0_555151e41d6c7b496fb943d6f3eac534.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бӯи ғализ, роҳи хуҷанд – ғафуров, шарҳи масъулин
бӯи ғализ, роҳи хуҷанд – ғафуров, шарҳи масъулин
"Нафасгир мешавӣ": маълум шуд, бӯи ғализ дар роҳи Хуҷанд – Ғафуров аз куҷо паҳн мешавад
18:54 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:58 28.02.2022) Мавзуи паҳншавии бӯи ғализ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуровро, ки аксари роҳгузаронро нигарон кардааст, ахиран рӯзноманигорон бо раиси шаҳри Бӯстон дар миён гузоштанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Масъулони ҳукумати шаҳри Бӯстон дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки бӯи ғализ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, воқеъ дар ҳудуди “Автостансия” аз куҷо паҳн мешавад.
Азим Сайраҳматов, сардори идораи обу канализатсияи шаҳри Бӯстон дар посух ба суоли рӯзноманигорон иброз намуд, ки ин бӯйи бад аз ҳисоби ташноб (канализатсия)-и шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки ҳар ду дар як макон мерезанд.
"Дар ҳақиқат ин мушкил ҷой дорад. Он танҳо аз ҳисоби таншноби шаҳри Бӯстон набуда, балки аз ҳисоби партов (канализатся)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ мебошад. Ҳамаи партов дар як макон мерезад. Дар ҳоле ки сохтмони нуқтаи партовпартоӣ ҳанӯз дар асри гузашта сохта шуда ба ҳолати имрӯза мутобиқ намебошад" - гуфт Сайраҳматов.
Ин масъули ҳукумати шаҳри Бӯстон мегӯяд, ҳоло аз ҳисоби афзоиш ёфтани шумори аҳолӣ ва коргоҳҳои саноатӣ ҳаҷми партов зиёд шудааст ва ин вазъ кори ин нуқтаи партовпартоиро мушкил намудааст.
Сайраҳматов гуфт, ки барои таъмир ва азнавбарқароркунии қубурҳои партовпартоӣ (канализатсия) корҳои ташкилӣ ба нақша гирифта шудааст.
"Ҳоло қубурҳо корношоям шуда, зӯрашон намерасад. Мо ба ҳукумати вилояти Суғд оиди ин масъала бо мактуб муроҷиат намудаем ва умедворем, ки барои ҳалли он дар зудтарин фурсат чораҷӯӣ мекунанд", - гуфт сардори идораи обу фозилоби шаҳри Бӯстон.
Паҳншавии бӯи ғализ аксари пиёдагардону роҳгузарони роҳи Хуҷанд – Ғафуровро нигарон кардааст. Аксари ронандаҳо мегӯянд, бӯй ба дараҷае бад аст, ки дар ҳолати пӯшидани ҳамаи шишаҳои нақлиёт ҳам он ба дохили салон роҳ ёфта, ҳолати нафасгирии мусофиронро мушкил мегардонад.