https://sputnik.tj/20220225/ukraina-amaliyot-makhsus-rusiya-1046257133.html
Режими Украина дар ҳоли нобудшавист: Монтян дар бораи амалиёти низомии Русия - видео
Режими Украина дар ҳоли нобудшавист: Монтян дар бораи амалиёти низомии Русия - видео
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос назари худро дар бораи рӯйдодҳои ахири Украина баён кард ва гуфт, ки ояндаи сиёсатмадорони воломақоми кишварро чӣ интизор аст
2022-02-25T14:40+0500
2022-02-25T14:40+0500
2022-02-25T17:40+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
сиёсат
донбасс
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046270553_0:0:600:338_1920x0_80_0_0_c6bb6e07e32a205b7d98e952c92752df.jpg
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои ҳифзи Донбасс амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳанд. Ҳуқуқшинос, блогнавис ва аз фаъолони ҷамъиятии Украина Татяна Монтян дар мусоҳиба бо Sputnik дар бораи натоиҷи нахустини ин амалиёти низомӣ нақл кард. Коршинос аз аввал бар ногузир будани рӯйдодҳои кунунӣ ба далели бартарии сиёсати хориҷии мақомоти баландпояи Украина таъкид кард. Дар посух ба суоли рӯзноманигор дар бораи кумакҳои Ғарб ба Киев таҳлилгар вазъи ин кишварро ба ҳаводиси августи соли 2021 дар Афғонистон қиёс кард. Вай ҳамчунин аз украиниҳо даъват кард, ки аз дифоъ аз ҳукумати феълии "лухтак"-и ин кишвар даст кашанд ва силоҳҳои худро ба замин гузоранд. Монтян бар ин назар аст, ки ИМА ва ИА дар посух ба амалкарди Русия талош хоҳанд кард, ки "дар майдони таҳримҳо бозӣ кунанд". Бо вуҷуди ин коршинос қайд мекунад, ки маҳдудиятҳои эҳтимолӣ метавонанд зарари ҷиддӣ расонанд.Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунадЁдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ-ро ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ин ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд. Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад”. Илова бар ин президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд.Зеленский гуфт, Украина танҳо мондВай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, аммо вай саъй хоҳад кард, ки ин кишварро аз ҳарбиён холӣ кунад.
украина
донбасс
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046270553_126:0:579:340_1920x0_80_0_0_85119f8f621ef303f1655678e4719183.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, авзоъ, коршинос,
украина, авзоъ, коршинос,
Режими Украина дар ҳоли нобудшавист: Монтян дар бораи амалиёти низомии Русия - видео
14:40 25.02.2022 (Навсозишуда: 17:40 25.02.2022) Коршинос назари худро дар бораи рӯйдодҳои ахири Украина баён кард ва гуфт, ки ояндаи сиёсатмадорони воломақоми ин кишварро чӣ интизор аст
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои ҳифзи Донбасс амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳанд.
Ҳуқуқшинос, блогнавис ва аз фаъолони ҷамъиятии Украина Татяна Монтян дар мусоҳиба бо Sputnik дар бораи натоиҷи нахустини ин амалиёти низомӣ нақл кард.
Коршинос аз аввал бар ногузир будани рӯйдодҳои кунунӣ ба далели бартарии сиёсати хориҷии мақомоти баландпояи Украина таъкид кард.
Дар посух ба суоли рӯзноманигор дар бораи кумакҳои Ғарб ба Киев таҳлилгар вазъи ин кишварро ба ҳаводиси августи соли 2021 дар Афғонистон қиёс кард.
"Чаро Ғарб ба онҳо ниёз доранд? Ҳама чиз айнан ҳамон тавре ки дар Афғонистон рух дод, сурат гирифт, танҳо бидуни ҷаҳидан ба 6 ҳавопаймо, зеро шарикони ғарбӣ Украинаро пештар тарк карда буданд", - таъкид кард Монтян.
Вай ҳамчунин аз украиниҳо даъват кард, ки аз дифоъ аз ҳукумати феълии "лухтак"-и ин кишвар даст кашанд ва силоҳҳои худро ба замин гузоранд.
Монтян бар ин назар аст, ки ИМА ва ИА дар посух ба амалкарди Русия талош хоҳанд кард, ки "дар майдони таҳримҳо бозӣ кунанд". Бо вуҷуди ин коршинос қайд мекунад, ки маҳдудиятҳои эҳтимолӣ метавонанд зарари ҷиддӣ расонанд.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ-ро ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ин ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад”.
Илова бар ин президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, аммо вай саъй хоҳад кард, ки ин кишварро аз ҳарбиён холӣ кунад.