https://sputnik.tj/20220225/sadama-margbor-roh-dushanbe-khorugh-1046254580.html
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар хабар медиҳад
2022-02-25T13:42+0500
2022-02-25T13:42+0500
2022-02-25T19:23+0500
садамаи нақлиётӣ
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/66/1025216604_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_eface6e32dd983adf42fa98ee91afdcd.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ боиси марги кӯдаки 10-сола шуд.Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 24-уми феврал, тахминан соати 13:00 рух додааст.Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Опел-Зефира", сокини 27-солаи ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.Дар ҳамин ҳол ронанда пиёдагарди ноболиғи 10-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Ҳамзамон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он ронандаи трактор ҷон бохтааст.Гуфта мешавад, ки ронандаи трактори тамғаи МТЗ-80, сокини 28-солаи ноҳияи Ш. Шоҳин ҳангоми ҳаракат дар роҳ, дар наздикии деҳаи Чорчашмаи ноҳияи мазкур бинобар сабаби зиёд будани барф лағжида, ба чуқурии 10-метрӣ чаппа шудааст.Дар натиҷа ронандаи трактор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Нигаронии мақомоти Хатлон аз афзоиши садамаҳо ва шумори ҷонбохтаҳоВКД мегӯяд, дар робита ба ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20220218/zan-javon-sadama-margbor-dushanbe-khujand-1046012747.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/66/1025216604_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_2fc6581e242f6a336ba3a5fc7fc232eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садамаи маргбор, тоҷикистон
садамаи маргбор, тоҷикистон
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ
13:42 25.02.2022 (Навсозишуда: 19:23 25.02.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ боиси марги кӯдаки 10-сола шуд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 24-уми феврал, тахминан соати 13:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Опел-Зефира", сокини 27-солаи ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар ҳамин ҳол ронанда пиёдагарди ноболиғи 10-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
"Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он ронандаи трактор ҷон бохтааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи трактори тамғаи МТЗ-80, сокини 28-солаи ноҳияи Ш. Шоҳин ҳангоми ҳаракат дар роҳ, дар наздикии деҳаи Чорчашмаи ноҳияи мазкур бинобар сабаби зиёд будани барф лағжида, ба чуқурии 10-метрӣ чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронандаи трактор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД мегӯяд, дар робита ба ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.