https://sputnik.tj/20220225/muhojiron-rusiya-qoidai-nav-kor-1046286538.html
Муҳоҷиронро дар як минтақаи Русия тибқи қоидаҳои нав ба кор мегиранд
Муҳоҷиронро дар як минтақаи Русия тибқи қоидаҳои нав ба кор мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2022, корфармоён дар қаламрави Забайкалӣ бояд шумораи қатъии коргарони хориҷиро дар корхонаҳои худ риоя кунанд
2022-02-25T20:15+0500
2022-02-25T20:15+0500
2022-02-25T20:26+0500
муҳоҷират
дар русия
кор
қонун
нав
квота
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044333751_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_fa1a9863a065f386d7fbe518f5a2b4a4.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Корфармоёни Моварои Байкал имсол қоидаҳои ба кор қабул кардани ҳамаи муҳоҷирони меҳнатиро тағйир медиҳанд. Дар бораи тағйироти нав аз шуъбаи рушди саноатии Вазорати рушди иқтисодии минтақа хабар доданд. Ба иттилои ин ниҳод, квота барои коргарони хориҷӣ дар соли 2022 аз ҷониби Вазорати меҳнати Русия тасдиқ шудааст. Акнун корфармо муваззаф аст, ки дар корхонаҳояшон шумораи муайяни коргарони хориҷиро ба кор гиранд. Акнун барои ҳар як соҳа аз 15 то 80 фоизи шумораи умумии коргарон квотаи алоҳида муқаррар карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки корфармоён бояд шумораи коргарони хориҷии худро бештар аз ин мизон накунанд. Ҳамин тариқ корфармоён дар Моварои Байкал бояд ба Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии минтақа барои гирифтани иҷозатнома дар ҷиҳати ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва инчунин иҷозатномаи кор дар нимаи аввали соли 2022 муроҷиат кунанд. Дар акси ҳол онҳоро ҷаримаи калон интизор аст: 45—50 ҳазор рубли русӣ раҳбарияти корхона ҷарима мешавад. Дар сурати боқӣ мондани квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ корфармоён бояд барои коҳиш додани зарурати ҷалби муҳоҷирон аз 15 июн то 8 июли соли 2022 ариза пешниҳод кунанд.Дар Русия қонуни нав қабул мешавад, ки ҳузури муҳоҷиронро осон мекунад: чӣ гуна қонун?
https://sputnik.tj/20220222/muhojiron-gosuslugi-sabti-nom-1046174384.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044333751_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_9065332e266ef6e3aa79fb7e9cb4e52d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор, муҳоҷирон, моварои байкал
кор, муҳоҷирон, моварои байкал
Муҳоҷиронро дар як минтақаи Русия тибқи қоидаҳои нав ба кор мегиранд
20:15 25.02.2022 (Навсозишуда: 20:26 25.02.2022) Соли 2022 корфармоён дар қаламрави Моварои Байкал бояд теъдоди муайяне аз коргарони хориҷиро ба кор дар корхонаҳои худ қабул кунанд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Корфармоёни Моварои Байкал имсол қоидаҳои ба кор қабул кардани ҳамаи муҳоҷирони меҳнатиро тағйир медиҳанд.
Дар бораи тағйироти нав аз шуъбаи рушди саноатии Вазорати рушди иқтисодии минтақа хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, квота барои коргарони хориҷӣ дар соли 2022 аз ҷониби Вазорати меҳнати Русия тасдиқ шудааст. Акнун корфармо муваззаф аст, ки дар корхонаҳояшон шумораи муайяни коргарони хориҷиро ба кор гиранд.
"Имсол барои коргарони хориҷӣ қоидаҳои нави кор ҷорӣ карда мешаванд. Онҳо муқаррар мекунанд, ки кадом корфармо ва тибқи кадом ҳуҷҷатҳо метавонад хориҷиёнро ба кор ҷалб кунад", - тавзеҳ медиҳад вазорат.
Акнун барои ҳар як соҳа аз 15 то 80 фоизи шумораи умумии коргарон квотаи алоҳида муқаррар карда шудааст.
Ин маънои онро дорад, ки корфармоён бояд шумораи коргарони хориҷии худро бештар аз ин мизон накунанд.
Ҳамин тариқ корфармоён дар Моварои Байкал бояд ба Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии минтақа барои гирифтани иҷозатнома дар ҷиҳати ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва инчунин иҷозатномаи кор дар нимаи аввали соли 2022 муроҷиат кунанд.
Дар акси ҳол онҳоро ҷаримаи калон интизор аст: 45—50 ҳазор рубли русӣ раҳбарияти корхона ҷарима мешавад.
"Ва ҳамчунин аз 800 ҳазор рубл то 1 миллион ё мутаваққиф кардани фаъолияти ширкат ба муҳлати 14-90 рӯз ба унвони ҷазо пешбинӣ шудааст", - таъкид кардааст вазорати рушди иқтисод.
Дар сурати боқӣ мондани квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ корфармоён бояд барои коҳиш додани зарурати ҷалби муҳоҷирон аз 15 июн то 8 июли соли 2022 ариза пешниҳод кунанд.