Меркелро ғорат карданд

© REUTERS \ KAY NIETFELDКанцлер ФРГ Ангела Меркель
Канцлер ФРГ Ангела Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Обуна шудан
Расонаҳои олмонӣ аз ғорат шудани садри аъзами собиқи Олмон гузориш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳамёни садри аъзами пешини Олмон Ангела Меркелро ғорат карданд, хабар медиҳад таблоиди олмонии "Bild".
Бино ба ин гузориш, ин ҳодиса рӯзи 25 феврал, замоне рух додааст, ки Меркел ба яке аз мағозаҳои шаҳр барои харид рафтааст.
Маълум шуда, ки ғоратгарӣ дар "пеши чашм"-и муҳофизон рух додааст.
Меркел, ки муҳлати 16-солаи худро дар мақоми садриаъзамии Олмон дар моҳи декабр ба поён расонд, ҳамеша танҳо ба мағоза мерафт.
Канслер дар пайи ин рӯйдод пулис ҷеғ назада, балки худ ба шуъбаи пулис рафта, дар бораи дуздӣ ариза навиштааст.
Дар роҳ ба супермаркет дар Морсессштрассеи Берлин ӯ ҳамёни худро ба аробаи хариддорӣ гузоштааст. На Меркел ва на муҳофизонаш пай набурданд, ки чӣ тавр онро аз он ҷо дуздидаанд.
Ҳуввияти ҳамлагар мушаххас нашудааст ва дар бораи хисорот ба собиқ канслер хабар дода нашудааст.
Ба гузориши "Bild", пулис таъйид кардааст, ки рӯзи 25 феврал, тақрибан соати 11:40 (соати 15:40 ба вақти Душанбе) дар яке аз супермаркетҳо ҳамёни "зани 67-сола” ғорат шудааст.
Пулис аз ҷабрдида ном набурдааст, зеро ин хилофи қонунҳои Олмон хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0