Матвиенко дар мулоқот бо Рустами Эмомалӣ Тоҷикистонро шарики боэътимоди Русия дар ОМ хонд

© Пресс-служба Совета ФедерацииПредседатель Совета Федерации Валентина Матвиенко в рамках официального визита в Душанбе обсудила с Председателем Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустами Эмомали развитие межпарламентских связей.
Председатель Совета Федерации Валентина Матвиенко в рамках официального визита в Душанбе обсудила с Председателем Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустами Эмомали развитие межпарламентских связей. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Обуна шудан
Матвиенко дар зимни як сафари расмӣ ба Душанбе бо Рустами Эмомалӣ рушди муносибатҳои парлумонӣ, муҳоҷират ва маорифро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро раисони палатаи болоии парлумонҳои Тоҷикистону Русия Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Шӯрои Федератсияи Русия.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки сафари ҳайати Шӯрои Федератсия ба Душанбе ба таҳкими равобити дуҷониба хидмат хоҳад кард.
Матвиенко зикр кард, ки Тоҷикистон шарик ва муттаҳиди боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин афзуд, ки ду кишварро аз қадим риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳам мепайвандад.
"Русия яке аз шарикони асосии стратегӣ ва тиҷоратии мост", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Матвиенко, наздикии мавқеъҳои Маскав ва Душанбе дар қариб ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти муштарак дар робита ба таҳкими суботи минтақавӣ бомуваффақият ҳал карда шаванд.
Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ҳамчунин зимни мулоқот қайд намуд, ки дар тӯли 30 соли муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо заминаи назарраси ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо ташаккул ёфтааст.
Рустами Эмомалӣ афзуд, ки равобити парлумонӣ ба густариши тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.
Ҷонибҳо ҳамзамон дар бораи вазъ ва дурнамои муносибатҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуданд. Раиси Шӯрои федератсия аз таҷрибаи муваффақи ба мактабҳои Тоҷикистон фиристодани омӯзгорони рус тазаккур дод.
"Мо аз мақомоти ҷумҳурӣ барои кумаки ҳамаҷониба дар татбиқи ин лоиҳа изҳори сипос мекунем", - афзуд Валентина Матвиенко.
Ҳамзамон ҷонибҳо аз рафти баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Илова бар ин дар мулоқот масъалаҳои амният, афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ, вазъи кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои Федератсия, Анҷумани байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар умури ҳамкориҳои байниминтақаӣ, ки ҷаласаи навбатии он 25 феврал дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳамкориҳо такони иловагӣ хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0