https://sputnik.tj/20220225/general-nazarzoda-takya-mardum-badakhshon-1046288907.html
Генерал Назарзода: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!
Генерал Назарзода: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!
Sputnik Тоҷикистон
Сардори тозатаъйини Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ гуфтааст, ки дар фаъолияти корӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҷиноят ба хиради волои мардуми сарбаланди Бадахшон такя хоҳад кард
2022-02-25T20:35+0500
2022-02-25T20:35+0500
2022-02-25T20:35+0500
дар тоҷикистон
генерал назарзода
мардум
бадахшон
вкд
фаъолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046288716_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_91510b7fca4cff6d0d37a8ccd3c6157a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ахиран дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки Иброҳимзода Нозим, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон маросими шиносоии сардори нави раёсат ва натиҷагирӣ аз фаъолияти генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт баргузор гардид.Зимни суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар тӯли чаҳор соли фаъолият мақомоти корҳои дохилии пойтахт таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардид.Дар ҳамин ҳол генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронии худ қайд намудааст, ки дар фаъолияти кории худ дар ВМКБ ба мардуми Бадахшон такя хоҳад кард.Дар ҷаласа ҳамчунин зикр гардид, ки ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Назарзода Шариф Раҳмон дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа саҳми боарзиши худро гузоштаанд.Қайд карда шудааст, ки яке аз дастовардҳои назаррас ин тамоюл ба коҳиш доштани ҷинояткорӣ дар пойтахт мебошад.Дар давоми чаҳор соли охир мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Назарзода Шариф Раҳмон баҳри таъмини тартибот ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, махсусан аз байн бурдани авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард ва дигар амалу кирдорҳои хилофи қонун як қатор рейду амалиётҳои пешгирикунандаву профилактикиро амалӣ намудаанд.Қайд карда шудааст, ки махсусан баррасии фаврӣ ва пайгирии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тариқи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери назорати бевоситаи сардори раёсат Назарзода Шариф Раҳмон қарор дошт, боиси баланд гардидани мақому обрӯи милитсия ва эътимоду боварии шаҳрвандон гардид.“Ошкору пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, махсусан дастгир гардидани гурӯҳҳои муташакклили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ва мусодираи миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор самтҳои афзалиятноку фаъолияти пурасамари мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба шумор мераванд”, - қайд кардааст дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.Қобили зикр аст, ки 24-уми феврал дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардид.Дар ҳамин ҳол генерал-майори милитсия Ҳомидзода Бароталӣ Партов, ки то ин дам дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилӣ кору фаъолият дошт, ба ҳайси сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.
https://sputnik.tj/20220224/hamidzoda-nazarzoda-rayosat-vkd-dar-dushanbe-1046229526.html
https://sputnik.tj/20220216/general-nazarzoda-militsiyai-hamkori-sokinon-taqviyat-1045916005.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046288716_158:0:927:577_1920x0_80_0_0_023271c1057944a54ef714b15a4922ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вкд, мардум, бадахшон, такя, фаъолият, вмкб
тоҷикистон, вкд, мардум, бадахшон, такя, фаъолият, вмкб
Генерал Назарзода: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!
Сардори тозатаъйини Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ гуфтааст, ки дар фаъолияти корӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҷиноят ба хиради волои мардуми сарбаланди Бадахшон такя хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ахиран дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки Иброҳимзода Нозим, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон маросими шиносоии сардори нави раёсат ва натиҷагирӣ аз фаъолияти генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт баргузор гардид.
Зимни суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар тӯли чаҳор соли фаъолият мақомоти корҳои дохилии пойтахт таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардид.
“Пурарзиштарин натиҷа ин боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба милитсия мебошад, ки бо фаъолиятҳои хастагинопазиру шабонарӯзӣ ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба даст омадааст”, - таъкид кардааст Иброҳимзода Нозим.
Дар ҳамин ҳол генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронии худ қайд намудааст, ки дар фаъолияти кории худ дар ВМКБ ба мардуми Бадахшон такя хоҳад кард.
“Дар фаъолияти корӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботу якдигарфаҳмӣ ба хиради волои мардуми сарбаланди Бадахшон такя намуда, дар якҷоягӣ бо тамоми сокинони вилоят ба дастовардаҳои назаррас ноил мегардем”, - гуфт ӯ.
Дар ҷаласа ҳамчунин зикр гардид, ки ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Назарзода Шариф Раҳмон дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа саҳми боарзиши худро гузоштаанд.
Қайд карда шудааст, ки яке аз дастовардҳои назаррас ин тамоюл ба коҳиш доштани ҷинояткорӣ дар пойтахт мебошад.
Дар давоми чаҳор соли охир мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Назарзода Шариф Раҳмон баҳри таъмини тартибот ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, махсусан аз байн бурдани авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард ва дигар амалу кирдорҳои хилофи қонун як қатор рейду амалиётҳои пешгирикунандаву профилактикиро амалӣ намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки махсусан баррасии фаврӣ ва пайгирии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тариқи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери назорати бевоситаи сардори раёсат Назарзода Шариф Раҳмон қарор дошт, боиси баланд гардидани мақому обрӯи милитсия ва эътимоду боварии шаҳрвандон гардид.
“Ошкору пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, махсусан дастгир гардидани гурӯҳҳои муташакклили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ва мусодираи миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор самтҳои афзалиятноку фаъолияти пурасамари мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба шумор мераванд”, - қайд кардааст дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Қобили зикр аст, ки 24-уми феврал дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардид.
Дар ҳамин ҳол генерал-майори милитсия Ҳомидзода Бароталӣ Партов, ки то ин дам дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилӣ кору фаъолият дошт, ба ҳайси сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.