https://sputnik.tj/20220225/faronsa-zelenskiy-himoyat-1046252125.html
Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунад
Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Фаронса мегӯяд, Пория дар сурати таҳдид ба амнияти Зеленский ба ӯ кумак хоҳад кард
2022-02-25T13:05+0500
2022-02-25T13:05+0500
2022-02-25T13:20+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
владимир зеленский
амният ва мудофиа
фаронса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046252521_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_1978bf1236471c216107dd4e2052b35b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Фаронса метаовнад дар сурати таҳдид ба амнияти Зеленский ба ӯ кумак кунад.Дар ин бора РИА Новости бо такя ба суханони вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан хабар медиҳад."Мо қароре қабул хоҳем кард, ки зарур аст", - гуфт вазир дар посух ба ин суол, ки оё ин кумак маънои ихроҷи Зеленский аз Украинаро дорад? Субҳи рӯзи панҷшанбе раиси президенти Русия Владимир Путин эълом кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украинаро анҷом диҳад. Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".Ба гуфтаи раҳбари Русия, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши виҷдони режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.ВКХ гуфт, ба украиниҳо дар Русия ҳеҷ чиз таҳдид намекунадБаъдан вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом намедиҳад: зербиноҳои низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ ва авиатсия аз силоҳҳои дақиқ бекор карда мешаванд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест. Тақрибан ду соат баъд вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони Украина “ҳеҷ муқовимат нишон намедиҳанд”, системаҳои дифои ҳавоии Украина саркӯб карда шудаанд ва зерсохтори низомии пойгоҳҳои ҳавоии низомӣ корношоям шудаанд. Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи ҳавопаймои русӣ, ки гӯё дар фазои Украина суқут кардааст, вазорати ҳарбӣ рад кард.
https://sputnik.tj/20220225/zelenskiy-ukraina-tanho-1046250539.html
украина
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046252521_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_38e2d02379d6991a255246af3ec03b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир зеленский, укриана, ваъда,
владимир зеленский, укриана, ваъда,
Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунад
13:05 25.02.2022 (Навсозишуда: 13:20 25.02.2022) Вазири корҳои хориҷии Фаронса мегӯяд, Пория дар сурати таҳдид ба амнияти Зеленский ба ӯ кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Фаронса метаовнад дар сурати таҳдид ба амнияти Зеленский ба ӯ кумак кунад.
Дар ин бора РИА Новости бо такя ба суханони вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан хабар медиҳад.
"Амнияти ... Зеленский дар маркази ҳодиса аст ва мо метавонем ба ӯ дар ҳолати зарурӣ кумак кунем.", - гуфт Ле Дриан дар суҳбат бо радиои France Inter.
"Мо қароре қабул хоҳем кард, ки зарур аст", - гуфт вазир дар посух ба ин суол, ки оё ин кумак маънои ихроҷи Зеленский аз Украинаро дорад?
Субҳи рӯзи панҷшанбе раиси президенти Русия Владимир Путин эълом кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украинаро анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши виҷдони режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом намедиҳад: зербиноҳои низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ ва авиатсия аз силоҳҳои дақиқ бекор карда мешаванд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.
Тақрибан ду соат баъд вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони Украина “ҳеҷ муқовимат нишон намедиҳанд”, системаҳои дифои ҳавоии Украина саркӯб карда шудаанд ва зерсохтори низомии пойгоҳҳои ҳавоии низомӣ корношоям шудаанд.
Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи ҳавопаймои русӣ, ки гӯё дар фазои Украина суқут кардааст, вазорати ҳарбӣ рад кард.