https://sputnik.tj/20220224/ukraina-rusiya-chize-tahdid-namekunad-1046240780.html
ВКХ гуфт, ба украиниҳо дар Русия ҳеҷ чиз таҳдид намекунад
ВКХ гуфт, ба украиниҳо дар Русия ҳеҷ чиз таҳдид намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Захарова: Ҳеҷ чиз ба сафорати Украина ва украиниҳо дар Русия таҳдид намекунад
2022-02-24T21:00+0500
2022-02-24T21:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
луганск
донетск
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046087090_0:0:3065:1725_1920x0_80_0_0_7792a90a3fa4eb970ee13a2c01aff431.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, сафорати Украина дар Маскав ва украиниҳо дар Русия ба фарқ аз дипломатҳои Русия дар Украина дар хатар нестанд. "Ба сафорати Украина дар Русия инчунин дипломатҳо ва муассисаҳои консулгарии украинӣ дар қаламрави Русия, ҳеҷ чиз таҳдид намекунад. Аммо, зоҳиран, ин тасмими ҷониби Украина аст, бахусус, вақте ки онҳо дар бораи қатъ кардани муносибатҳои дипломатӣ ва ғайра гуфтанд", - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи тахлияи намояндагии дипломатии Украина аз Маскав. "Мехоҳам таъкид намоям, ки интиқоли дипломатҳои рус дар шароити таҳдиди воқеӣ ба ҷони онҳо ба далели таҳдидҳои хаттӣ, телефонӣ ва ҷисмонӣ сурат гирифт", - гуфт Захарова дар эфири радиои "Маскав".Субҳи рӯзи 24 феврал, раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, алайҳи Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд."Лукашенко: Украина бохтро таҳаммул мекунад ва бояд ба Русия имтиёз диҳадБа гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба Ватан баргарданд.Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ ва ҳавоӣ анҷом надодаанд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи суқути ҳавопаймои русӣ дар фазои Украинаро Вазорати дифоъ рад кард.
https://sputnik.tj/20220224/rusiya-sohibikhtiyori-idm-ehtirom-1046205813.html
луганск
донетск
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046087090_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5f9a2a9b7df69cf686d75cb3684c759c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ, украина, русия
ВКХ гуфт, ба украиниҳо дар Русия ҳеҷ чиз таҳдид намекунад
21:00 24.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ба сафорати Украина ва украиниҳо дар Русия чизе таҳдид намекунад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, сафорати Украина дар Маскав ва украиниҳо дар Русия ба фарқ аз дипломатҳои Русия дар Украина дар хатар нестанд.
"Ба сафорати Украина дар Русия инчунин дипломатҳо ва муассисаҳои консулгарии украинӣ дар қаламрави Русия, ҳеҷ чиз таҳдид намекунад. Аммо, зоҳиран, ин тасмими ҷониби Украина аст, бахусус, вақте ки онҳо дар бораи қатъ кардани муносибатҳои дипломатӣ ва ғайра гуфтанд", - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи тахлияи намояндагии дипломатии Украина аз Маскав.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки интиқоли дипломатҳои рус дар шароити таҳдиди воқеӣ ба ҷони онҳо ба далели таҳдидҳои хаттӣ, телефонӣ ва ҷисмонӣ сурат гирифт", - гуфт Захарова дар эфири радиои "Маскав".
Субҳи рӯзи 24 феврал, раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, алайҳи Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд."
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба Ватан баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ ва ҳавоӣ анҷом надодаанд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.
Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи суқути ҳавопаймои русӣ дар фазои Украинаро Вазорати дифоъ рад кард.