https://sputnik.tj/20220224/ukraina-diplomati-rusiya-qat-1046213988.html
Украина равобити дипломатиро бо Русия қатъ кард
Украина равобити дипломатиро бо Русия қатъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Украина дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи равобити дипломатӣ бо Федератсияи Русия изҳорот дод.
2022-02-24T15:38+0500
2022-02-24T15:38+0500
2022-02-24T19:47+0500
украина
дар русия
владимир зеленский
сиёсат
луганск
донестк
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102852/58/1028525808_0:0:3137:1765_1920x0_80_0_0_413c990e9d9ce1c979a92cca85ad3088.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки Киев равобити дипломатиро бо Маскав қатъ мекунад. Президенти Русия Владимир Путин қаблан эълон карда буд, ки амалиёти вижаи низомиеро дар Донбасс роҳандозӣ мекунад.Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.Раҳбари Русия аз низомиёни украинӣ хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.Вазъият дар ДонбассҲафтаҳои ахир вазъ дар Донбасс тезутунд шуд: Киев қисми зиёди артишро мутамаркиз кардааст ва бо истифода аз таҷҳизоти мамнуъ пайваста ба сӯйи низомиён тир холӣ мекунад.Ба далели таҳдиди таҷовуз аз Украина ба ҶМД ва ҶМЛ, эвакуатсияи занону кӯдакон ва пиронсолон ба минтақаҳои Русия шуруъ шуд.ҶМЛ: Низомиёни Украина аз ҷанг даст мекашандДар ин зимн басичи умумӣ эълон гардид. Дар чунин вазъият 19 феврали соли ҷорӣ роҳбарони ҷумҳуриҳо бо хоҳиши эътирофи истиқлоли худ ба раҳбари Русия муроҷиат карданд.Путин рӯзи 21 феврал дар як паёми телевизионӣ гуфт, ӯ зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ фавран эътироф карда шавад ва фармонҳои зидахлро имзо кард.Путин супориш дод, ки дар ин манотиқ сулҳу осоиш таъмин шавад.Тавре кишвардори Русия шарҳ дод, ӯ ба далели ин чунин тасмим гирифтааст, ки Украина ба ҷуз аз роҳи низомӣ роҳи дигари ҳалли низоъ дар Донбассро эътироф намекунад.
украина
луганск
донестк
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102852/58/1028525808_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3ebe677213c64faa5cf491e42151848d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, равобити дипломатӣ, русия, қатъ
украина, равобити дипломатӣ, русия, қатъ
Украина равобити дипломатиро бо Русия қатъ кард
15:38 24.02.2022 (Навсозишуда: 19:47 24.02.2022) Раисҷумҳури Украина дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи равобити дипломатӣ бо Русия изҳорот дод
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки Киев равобити дипломатиро бо Маскав қатъ мекунад.
"Мо муносибатҳои дипломатиро бо Русия қатъ кардем", - таъкид кард раҳбари Украина.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан эълон карда буд, ки амалиёти вижаи низомиеро дар Донбасс роҳандозӣ мекунад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Раҳбари Русия аз низомиёни украинӣ хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.
Ҳафтаҳои ахир вазъ дар Донбасс тезутунд шуд: Киев қисми зиёди артишро мутамаркиз кардааст ва бо истифода аз таҷҳизоти мамнуъ пайваста ба сӯйи низомиён тир холӣ мекунад.
Ба далели таҳдиди таҷовуз аз Украина ба ҶМД ва ҶМЛ, эвакуатсияи занону кӯдакон ва пиронсолон ба минтақаҳои Русия шуруъ шуд.
Дар ин зимн басичи умумӣ эълон гардид. Дар чунин вазъият 19 феврали соли ҷорӣ роҳбарони ҷумҳуриҳо бо хоҳиши эътирофи истиқлоли худ ба раҳбари Русия муроҷиат карданд.
Путин рӯзи 21 феврал дар як паёми телевизионӣ гуфт, ӯ зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ фавран эътироф карда шавад ва фармонҳои зидахлро имзо кард.
Путин супориш дод, ки дар ин манотиқ сулҳу осоиш таъмин шавад.
Тавре кишвардори Русия шарҳ дод, ӯ ба далели ин чунин тасмим гирифтааст, ки Украина ба ҷуз аз роҳи низомӣ роҳи дигари ҳалли низоъ дар Донбассро эътироф намекунад.