Раҳмон ба роҳбарони Хатлон: Андозро сари вақт ҷамъ ореду маоши мардумро пардозед

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар вилояти Хатлон қарор дорад, бо роҳбарону фаъолони ин вилоят мулоқот баргузор кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар шаҳри Бохтар бо роҳбарону фаъолони ин вилоят суҳбати ошкоро баргузор кард.
Бинобар иттилооти дафтари матбуотии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои қатъӣ дод.
Президент ба масъалаи сари вақт ҷамъ овардани андоз таъкид намуда, изҳор кардааст, ки "якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд".
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Маош дар Тоҷикистон: Вазири тоҷик гуфт, кӣ 11 ҳазору кӣ 633 сомонӣ мегирад
Эмомалӣ Раҳмон аз нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти мазкур шадидан изҳори нигаронӣ кард, зеро соли 2021 ба буҷа беш аз 102 миллион сомонӣ ва моҳи январи соли ҷорӣ 7 миллион сомонӣ аз маболиғи молиёт ворид нагардидааст.
Ҳамчунин манбаъ таъкид намудааст, ки бақияи қарзи андозҳо дар вилояти Хатлон то ҳол зиёд буда, то 1 феврали соли ҷорӣ 182 миллион сомониро ташкил додааст.
Президент талаб намудааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчи зудтар бартараф шавад.
Гузашта аз ин роҳбари давлат масъулини зирабтро вазифадор намуд, ки ба қарздорӣ аз ҳисоби пардохт нашудани музди меҳнат роҳ надиҳанд.
Мақомот ҳалли масъалаи қарздорӣ аз музди меҳнатро баррасӣ кард
Ёдовар мешавем, қаблан вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёри Ситоди кории назди вазорат вобаста ба бартарафсозии қарздории музди меҳнатро баргузор намуда буд.
Дар ҷаласаи мазкур сабабу омилҳои сари вақт пардохт намудани музди меҳнат дар ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Амонзода ба ситоди доимамалкунанда дар вилояти Суғд супориш дод, ки ҳар се моҳ аз натиҷаи ҷораҳои андешидашуда ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф кардани қарздории музди меҳнат маълумот пешниҳод намояд.
Лентаи хабарҳо
0