https://sputnik.tj/20220224/rahmon-ramazon-rahitmzodaro-maqom-barkanor-1046227253.html
Президент муовини Рамазон Раҳимзодаро аз мақомаш барканор кард
Президент муовини Рамазон Раҳимзодаро аз мақомаш барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори Ҳукумати кишвар дар ВКД Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст
2022-02-24T18:00+0500
2022-02-24T18:00+0500
2022-02-24T18:49+0500
тағйироти кадрӣ
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1045004578_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_62d08c41bb4cdcd182e7bd5653d6a186.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Вазорати корҳои дохилаи кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.Мувофиқи он, Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муованати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.Тибқи иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҳамакнун Ҳамидзода ба вазифаи раҳбари Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст.Ёдовар мешавем, Ҳамидзода Бароталӣ ба ин вазифа аз моҳи октябри соли 2020 расида буд.Ҳамчунин дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.Зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъйин президент аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун ёдовар шуда, таъкид намуд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хидмат намоед”, - таъкид кардааст президент.
https://sputnik.tj/20220224/sardor-rayosat-korho-dokhili-vmkb-1046228566.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1045004578_113:0:1928:1361_1920x0_80_0_0_01392e5b72f2a93c93e671d89cc47533.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон рамазон раҳимзода мақом барканор
раҳмон рамазон раҳимзода мақом барканор
Президент муовини Рамазон Раҳимзодаро аз мақомаш барканор кард
18:00 24.02.2022 (Навсозишуда: 18:49 24.02.2022) Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Ин дафъа раисҷумҳур ҷобаҷогузории кадрҳоро дар ВКД анҷом дод
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Вазорати корҳои дохилаи кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Мувофиқи он, Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муованати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.
Тибқи иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҳамакнун Ҳамидзода ба вазифаи раҳбари Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, Ҳамидзода Бароталӣ ба ин вазифа аз моҳи октябри соли 2020 расида буд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.
Зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъйин президент аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун ёдовар шуда, таъкид намуд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хидмат намоед”, - таъкид кардааст президент.