https://sputnik.tj/20220224/khf-roh-khorugh-ishkoshim-borish-tarma-1046215748.html
КҲФ вазъи роҳи Хоруғ - Ишкошимро тавзеҳ дод: Боришоту тармафароӣ зиёд аст
КҲФ вазъи роҳи Хоруғ - Ишкошимро тавзеҳ дод: Боришоту тармафароӣ зиёд аст
Sputnik Тоҷикистон
Кумита тавзеҳ дод, ки бо вуҷуди тармафароии зиёд дар рӯзи ахир, хушбахтона талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ сабт нагардидааст
2022-02-24T16:10+0500
2022-02-24T16:10+0500
2022-02-24T19:41+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
тарма
хоруғ
ишкошим
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102442/80/1024428027_0:212:2289:1499_1920x0_80_0_0_29e64e2d1b4dce5049d965171ee16adc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Роҳи мошингарди Хоруғ Ишкошим зери хавфи тармафароӣ қарор дорад.Бинобар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар ин масир тармафароии зиёд сурат гирифтааст.Нисфирӯзи 23 феврал дар километри 29 -и мавзеи Барчадефи ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбози ноҳияи Шуғнон тарма фаромадааст, ки дар натиҷа роҳи мошингарди Хоруғ - Ишкошим муваққатан масдуд шудааст.Барои тоза намудани роҳ аз тарма як адад техникаи муҳандисӣ, техникаи боркуни фронталӣ ҳидоят шуда, соати 20:42 дақиқа роҳ пурра боз гардид.Ҳамчунин дар километрҳои 42, 43 -и мавзеи Ирғазор, километри 48 -и мавзеи Сист, километри 51-мавзеи Бижури деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим тарма фаромада роҳҳоро бастааст.Манбаъ аз қавли навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар ВМКБ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар километри 558-и мавзеи Синслаи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тарма шоҳроҳи Душанбе - Хоруғро муваққатан баст.Гуфта мешавад, феълан ин масир боз аст, вале хатари фаромадани тарма ҳамоно ҷо дорад.КҲФ аз тамоми шаҳрвандону меҳмонон ва ронандагон дархост намудааст, ки бидуни зарурат ба минтақаҳоӣ кӯҳӣ сафар накунанд.
https://sputnik.tj/20220223/hushdori-obuhavoshinoson-khavfi-faromadani-tarma-1046179691.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102442/80/1024428027_2:0:2285:1712_1920x0_80_0_0_a84def40283f4ab40cbfb96dfea7dc6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарма роҳ хоруғ ишкошим
КҲФ вазъи роҳи Хоруғ - Ишкошимро тавзеҳ дод: Боришоту тармафароӣ зиёд аст
16:10 24.02.2022 (Навсозишуда: 19:41 24.02.2022) Кумита тавзеҳ дод, ки бо вуҷуди тармафароии зиёд дар рӯзи ахир, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ сабт нагардидааст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Роҳи мошингарди Хоруғ Ишкошим зери хавфи тармафароӣ қарор дорад.
Бинобар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар ин масир тармафароии зиёд сурат гирифтааст.
Нисфирӯзи 23 феврал дар километри 29 -и мавзеи Барчадефи ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбози ноҳияи Шуғнон тарма фаромадааст, ки дар натиҷа роҳи мошингарди Хоруғ - Ишкошим муваққатан масдуд шудааст.
Барои тоза намудани роҳ аз тарма як адад техникаи муҳандисӣ, техникаи боркуни фронталӣ ҳидоят шуда, соати 20:42 дақиқа роҳ пурра боз гардид.
Ҳамчунин дар километрҳои 42, 43 -и мавзеи Ирғазор, километри 48 -и мавзеи Сист, километри 51-мавзеи Бижури деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим тарма фаромада роҳҳоро бастааст.
Манбаъ аз қавли навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар ВМКБ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар километри 558-и мавзеи Синслаи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тарма шоҳроҳи Душанбе - Хоруғро муваққатан баст.
Гуфта мешавад, феълан ин масир боз аст, вале хатари фаромадани тарма ҳамоно ҷо дорад.
КҲФ аз тамоми шаҳрвандону меҳмонон ва ронандагон дархост намудааст, ки бидуни зарурат ба минтақаҳоӣ кӯҳӣ сафар накунанд.