https://sputnik.tj/20220224/jabborov-azo-zabh-chorvo-marosim-dafn-1046221438.html
Ҷабборов азодории худро мисол оварду забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард
Ҷабборов азодории худро мисол оварду забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қирғизистон забҳи чорво дар маросимҳои азодориро манъ кард ва аз зиндагии худ мисол овард
2022-02-24T17:05+0500
2022-02-24T17:05+0500
2022-02-24T19:22+0500
қирғизистон
иҷтимоъ
содир ҷабборов
забҳ
чорво
азодорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032602419_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_642020461367fa168c5df750d14cdff8.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Содир Ҷабборов, кишвардори Қирғизистон бо судури як фармон забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард. Президент матни ин фармонро худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд.Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ин фармон ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз он ки имкони забҳи чорво доранд ё не, дахл дорад. Ӯ мегӯяд, маросими дафн дар Қирғизистон ба мисли ҷашнҳо мегузарад."Русуме идома доранд, ки камбағалон як гов ва сарватмандон 5 сар чорво забҳ мекунанд. Дар натиҷа аксари вақт оилаҳои камбизоат ҳам аз сарватмандон кам намонем гуфта, охирин чорвои худро забҳ мекунанд", - афзуд Ҷабборов.Зимнан роҳбари Қирғизистон илова намуд, ки "албатта, нафароне пайдо мешаванд, ки алайҳи тасмими ӯ норизогӣ баён мекунанд". Ӯ изҳори бовар кард, ки ин гуна ашхос кам андар каманд.Ҷабборов дар идома аз зиндагии худ мисол овард. Ба гуфтаи ӯ, вақте фарзанди калонияш соли 2019 вафот кард, хешовандонаш аз деҳа занг зада пурсидаанд, ки се сар чорвои тайёркардаашон барои куштан басанда аст ё не. Ӯ гуфт, тақрибан 10 000 одам барои изҳори тасаллӣ омаданд ва бидуни хӯрдани чизе рафтанду кори маро хуб қабул карданд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон чанд сол боз забҳ кардани чорво дар маросими азодорӣ манъ карда шудааст. Ҳоло ин таҷрибаи Тоҷикистонро ҷаноби Ҷабборов дар Ҷумҳурии Қирғизистон роҳандозӣ карданист.Дар Тоҷикистон сар аз соли 2017 маросими "се", "чил" ва "сол" бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.
https://sputnik.tj/20220208/dafn-tartib-rais-kumita-khudsari-guriston-tajikistan-1045626316.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032602419_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_341eed801114084107efefd4496653bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов қирғизистон чорво
ҷабборов қирғизистон чорво
Ҷабборов азодории худро мисол оварду забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард
17:05 24.02.2022 (Навсозишуда: 19:22 24.02.2022) Президенти Қирғизистон забҳи чорво дар маросими азодориро манъ кард ва аз зиндагии худ мисол овард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Содир Ҷабборов, кишвардори Қирғизистон бо судури як фармон забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард. Президент матни ин фармонро худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ин фармон ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз он ки имкони забҳи чорво доранд ё не, дахл дорад. Ӯ мегӯяд, маросими дафн дар Қирғизистон ба мисли ҷашнҳо мегузарад.
"Русуме идома доранд, ки камбағалон як гов ва сарватмандон 5 сар чорво забҳ мекунанд. Дар натиҷа аксари вақт оилаҳои камбизоат ҳам аз сарватмандон кам намонем гуфта, охирин чорвои худро забҳ мекунанд", - афзуд Ҷабборов.
Зимнан роҳбари Қирғизистон илова намуд, ки "албатта, нафароне пайдо мешаванд, ки алайҳи тасмими ӯ норизогӣ баён мекунанд". Ӯ изҳори бовар кард, ки ин гуна ашхос кам андар каманд.
Ҷабборов дар идома аз зиндагии худ мисол овард. Ба гуфтаи ӯ, вақте фарзанди калонияш соли 2019 вафот кард, хешовандонаш аз деҳа занг зада пурсидаанд, ки се сар чорвои тайёркардаашон барои куштан басанда аст ё не.
"Ман намондам, ки ягон чорво забҳ шавад. Гуфтам, ҳатто мурғро сар набуред. Зеро ман мотам дорам, на ягон ҷашн"
Ӯ гуфт, тақрибан 10 000 одам барои изҳори тасаллӣ омаданд ва бидуни хӯрдани чизе рафтанду кори маро хуб қабул карданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон чанд сол боз забҳ кардани чорво дар маросими азодорӣ манъ карда шудааст. Ҳоло ин таҷрибаи Тоҷикистонро ҷаноби Ҷабборов дар Ҷумҳурии Қирғизистон роҳандозӣ карданист.
Дар Тоҷикистон сар аз соли 2017 маросими "се", "чил" ва "сол" бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.