https://sputnik.tj/20220224/dabir-kull-smm-khostor-qat-nizo-ukraina-1046201755.html
Дабири кулли СММ хостори қатъи фаврии низоъ дар Украина шуд
Дабири кулли СММ хостори қатъи фаврии низоъ дар Украина шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дархост намудааст, ки низоъ дар Украина ба таври фаврӣ хотима бахшида шавад
2022-02-24T13:25+0500
2022-02-24T13:25+0500
2022-02-24T17:50+0500
дар ҷаҳон
смм
антониу гуттериш
украина
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/68/1022536885_0:0:2580:1452_1920x0_80_0_0_57cc4017bd71445b83482c19dcb64453.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш хостори хатми фаврии низоъ дар Украина шуд. "Ин низоъ бояд фавран хотима дода шавад", - изҳор дошт Гутерриш.Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, дар пасманзари ҳаводиси кунунӣ дар Донбасс ғамгинтарин лаҳзаи фаъолияти касбии ӯ фаро расидааст.Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин даъват кард, ки нерӯҳояшро ба Русия баргардонад ва аз бадтарин ҷанг дар Аврупо аз аввали асри ҷорӣ ҷилавгирӣ кунад.Ба гуфтаи ӯ, низоъҳои васеъмиқёс бо оқибатҳои харобиовар на танҳо барои Украина ва ҳамчунин барои Русия низ фоҷиабор хоҳанд буд.Ӯ гуфт: "Мо ҳатто пешгӯӣ карда наметавонем, ки он чӣ тавр ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир хоҳад расонд".Путин: Масъулияти хунрезӣ ба дӯши ҳукумати феълии Украина астЁдовар мешавем, кишвардори Русия Владимир Путин дар паёми навбатии худ аз тасмими анҷом додани амалиёти низомӣ дар Донбасс хабар дод. Роҳбари Русия гуфт, масъалаи хунрезӣ дар ин кишвар ба дӯши ҳукумати феълии Украина хоҳад буд.Ӯ дар паёми худ аз низомиёни украинӣ даъват намуд, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд ва баръакс силоҳи худро ба замин гузоранд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/68/1022536885_0:0:2580:1936_1920x0_80_0_0_dd735163e892ae6f7ed27c0b8b5294e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина смм гутерреш низоъ русия
украина смм гутерреш низоъ русия
Дабири кулли СММ хостори қатъи фаврии низоъ дар Украина шуд
13:25 24.02.2022 (Навсозишуда: 17:50 24.02.2022) Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дархост намудааст, ки низоъ дар Украина ба таври фаврӣ хотима бахшида шавад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш хостори хатми фаврии низоъ дар Украина шуд.
"Ин низоъ бояд фавран хотима дода шавад", - изҳор дошт Гутерриш.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, дар пасманзари ҳаводиси кунунӣ дар Донбасс ғамгинтарин лаҳзаи фаъолияти касбии ӯ фаро расидааст.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин даъват кард, ки нерӯҳояшро ба Русия баргардонад ва аз бадтарин ҷанг дар Аврупо аз аввали асри ҷорӣ ҷилавгирӣ кунад.
"Президент (Владимир) Путин, ба номи инсоният, нерӯҳои худро ба Русия баргардонед. Ба номи инсоният, нагузоред, ки ҷанги бадтарин аз ибтидои аср дар Аврупо оғоз ёбад", - гуфт Гутерриш ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи ӯ, низоъҳои васеъмиқёс бо оқибатҳои харобиовар на танҳо барои Украина ва ҳамчунин барои Русия низ фоҷиабор хоҳанд буд.
Ӯ гуфт: "Мо ҳатто пешгӯӣ карда наметавонем, ки он чӣ тавр ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир хоҳад расонд".
Ёдовар мешавем, кишвардори Русия Владимир Путин дар паёми навбатии худ аз тасмими анҷом додани амалиёти низомӣ дар Донбасс хабар дод. Роҳбари Русия гуфт, масъалаи хунрезӣ дар ин кишвар ба дӯши ҳукумати феълии Украина хоҳад буд.
Ӯ дар паёми худ аз низомиёни украинӣ даъват намуд, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд ва баръакс силоҳи худро ба замин гузоранд.