ВУД-и Русия гуфт, боз барои кадом муҳоҷири меҳнатӣ метавонад депорт шавад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Обуна шудан
Дар лоиҳаи нави кодекси маъмурӣ Русия боз як қоидаи нав ворид мешавад, ки тибқи он агар муҳоҷири меҳнатӣ онро вайрон кунад, метавонад аз Русия ихроҷ шавад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия тасмим гирифтааст, ки доираи масъулияти маъмурии муҳоҷиронро тавсеа диҳад. вайрон кардани ин қоида боиси ихроҷи муҳоҷир аз қаламрави Русия мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба дафтари матбуоти ВУД-и Русия.
Ба гуфтаи ин ниҳодӣ двлатӣ, дар оянда шаҳрвандони хориҷӣ на танҳо ба далели ҷиноятҳои муҳоҷират, балки барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат роҳ дар ҳолати мастӣ, инчунин барои ҷиноятҳои коррупсионӣ метавонанд аз Русия ихроҷ шаванд.
Вазорати умури дохилии Русия тарҳи мукаммали қонун дар бораи назорат бар будубоши муҳоҷирон дар ин кишварро омода кардааст.
Ҳамин тариқ, тамоми чораҳои маъмурии маҷбуркунанда, ки ҳоло амал мекунанд, дар як мафҳум – “ихроҷ аз Русия” муттаҳид карда мешаванд.
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Танқисии омӯзгорон дар Хатлон: ду ҳазор муаллим ба муҳоҷират рафт
Барои татбиқи лоиҳаи қонун ба санадҳои дахлдор, аз ҷумла ба кодекси маъмурӣ тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
Вазорати корҳои дохилӣ қайд кард, ки ин унсурҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар кодекси нав ҳамчун ҷиноятҳои “дағал”, дониста мешаванд.
Аз ҷумла ба гуфтаи ВУД-и Русия ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ, дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир, инчунин суиқасд ба амнияти ҷамъиятӣ ё қонун ва фармон ҷинояҳои дағал дониста меашванд.
Акнун ВУД мехоҳад қонунвайронкуниҳо дар бахши бехатарии ҳаракат дар роҳро низ ба қонун ҳамроҳ кунад.
Қаблан намояндагони ВКД дар бораи чораҳои қатъи нисбати муҳоҷироне, ки даст ба қонуншиканиҳо мезананд, эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0