Вокуниши Эрон ба таҳавуллоти Украина

© МИД ИранаОфициальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳаввулоти Украина тарафайнро ба хештандорӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 23 фев - Sputnik. Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳаввулоти Украина тарафайнро ба хештандорӣ ва иҷтиноб аз ҳар гуна иқдоме, ки ба ташдиди танишҳо дар Украина мунҷар шавад, даъват кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар хусуси охирин таҳаввулот дар Украина гуфт: "Мо бодиққат мавзуоти муртабит бо ин кишварро пайгирӣ мекунем".
Вай афзуд, Эрон тамомии тарафҳоро ба хештандорӣ даъват мекунад ва муътақид аст, бояд аз ҳар гуна иқдоме, ки ба ташдиди танишҳо мунҷар шавад, иҷтиноб кард.
Хатибзода ҳамаи тарафҳоро барои талош ба манзури ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ ва дар чорчӯби мусолиматомез даъват кард.
Вай афзуд, ки муттаассифона, мудохилоту иқдомоти таҳрикомези НАТО бо меҳварияти Амрико шароитро дар ин минтақа печидатар кардааст.
Обращение президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Изҳороти нахустини Путин пас аз эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ
Вазъият дар Донбасс дар рӯзҳои ахир муташанниҷ шудааст, ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз тирборони зиёди нерӯҳои амниятии Украина хабар додаанд.
Раҳбарияти ҶХД ва ҶХЛ аз ба таври муваққатӣ кӯчидани шаҳрвандонашон ба вилояти Ростов бинобар таҳдиди таҷовузи Украина ба ин минтақа хабар доданд.
Пеш аз ҳама занону кӯдакон ва пиронсолон кӯчонида шуданд.
Раҳбари ҶХД Денис Пушилин гуфт, ки раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад ба зудӣ ба низомиён амр диҳад, ки ба ҳамла гузаранд.
Рӯзи шанбеи 19 феврал раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ фармон дар бораи сафарбаркунии умумиро имзо ва сипас бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо ба Русия муроҷиат карданд.
Лентаи хабарҳо
0