https://sputnik.tj/20220223/hushdori-smm-huzuri-jangju-diish-afghoniston-1046189362.html
Ҳушдори СММ аз ҳузури 50 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ* дар Афғонистон
Ҳушдори СММ аз ҳузури 50 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ* дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Милали муттаҳид гузориш додааст, кишхаи Хуросони ДИИШ* ҳам акнун дар Афғонистон 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд
2022-02-23T20:10+0500
2022-02-23T20:10+0500
2022-02-24T15:12+0500
афғонистон
дииш
терроризм
смм
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711442_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bdcbca1685e17fb284ba4d968dacbd2b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Кумитаи назорати таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал ахиран дар гузорише аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки бештари ҷангҷӯёни ДИИШ* дар замони суқути ҳукумати қаблӣ аз зиндонҳо озод шудаанд ва хатари террористӣ дар Афғонистон дар ҳоли рушд аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ин кумита қаблан дар бораи сафари яке аз писарони Усома бин Лодин ба Афғонистон ва дидори ӯ бо раҳбарони толибон дар моҳи октябри соли гузашта гузориш дода буд. Ин гузориш аз ҷониби толибон қатъан рад шуд.Дар пайи нигарониҳо аз эҳёи терроризм дар Афғонистон раиси амнияти дохилии Бритониё ахиран ҳушдор дод, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи террористон табдил хоҳад ёфт.Кен Маккалом, раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё ба рӯзномаи "Daily Mail" гуфтааст, ки бархе аз ҷангҷӯёни бритониёӣ талош кардаанд, ба Афғонистон бираванд.Ба гуфтаи вай, Афғонистон низ мисли Сурия метавонад ба макони таҷаммуи нерӯҳои ифротии бритониёӣ табдил ёбад.Раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё гуфтааст, ки аз ташкили таъсисот ва шабакаҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст.Аз замони суқути ҳукумати Ғанӣ ва афзоиши қудрати ҷунбиши толибон дар Афғонистон дар манотиқи мухталифи ин кишвар чандин ҳамлаи террористӣ рух дод, ки аксари онҳоро ДИИШ* бар уҳда гирифтааст.* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Руися
https://sputnik.tj/20220223/haqoni-ba-rasmiyat-shinokhtani-tolibon-khomushona-1046187631.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711442_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_3d0dc5ea892527caa46e923f95647fd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, дииш, терроризм, ҳушдори смм
афғонистон, дииш, терроризм, ҳушдори смм
Ҳушдори СММ аз ҳузури 50 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ* дар Афғонистон
20:10 23.02.2022 (Навсозишуда: 15:12 24.02.2022) Созмони Милали Муттаҳид гузориш додааст, бахши хуросонии ДИИШ* ҳам акнун дар Афғонистон 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад ва ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Кумитаи назорати таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал ахиран дар гузорише аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки бештари ҷангҷӯёни ДИИШ* дар замони суқути ҳукумати қаблӣ аз зиндонҳо озод шудаанд ва хатари террористӣ дар Афғонистон дар ҳоли рушд аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин кумита қаблан дар бораи сафари яке аз писарони Усома бин Лодин ба Афғонистон ва дидори ӯ бо раҳбарони толибон дар моҳи октябри соли гузашта гузориш дода буд. Ин гузориш аз ҷониби толибон қатъан рад шуд.
Дар пайи нигарониҳо аз эҳёи терроризм дар Афғонистон раиси амнияти дохилии Бритониё ахиран ҳушдор дод, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи террористон табдил хоҳад ёфт.
Кен Маккалом, раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё ба рӯзномаи "Daily Mail" гуфтааст, ки бархе аз ҷангҷӯёни бритониёӣ талош кардаанд, ба Афғонистон бираванд.
"Мо мушоҳида мекунем, ки баъзе аз ашхос кӯшиши сафар ба Афғонистонро доранд ва аз ин рӯ мо бо шарикони худ вазъро назорат менамоем", -гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, Афғонистон низ мисли Сурия метавонад ба макони таҷаммуи нерӯҳои ифротии бритониёӣ табдил ёбад.
Раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё гуфтааст, ки аз ташкили таъсисот ва шабакаҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст.
Аз замони суқути ҳукумати Ғанӣ ва афзоиши қудрати ҷунбиши толибон дар Афғонистон дар манотиқи мухталифи ин кишвар чандин ҳамлаи террористӣ рух дод, ки аксари онҳоро ДИИШ* бар уҳда гирифтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Руися